Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти ҷамъоварии ҳосили меваю сабзавот ва полезиҳо дар Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» шинос гардиданд
ДУШАНБЕ, 17.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти ҷамъоварии ҳосили меваю сабзавот ва полезиҳо дар Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» шинос гардиданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» серсоҳа буда, хоҷагидорон бо истифода аз оби фаровону замини зархез ва риояи дурусти қоидаҳои агротехникӣ ба кишту парвариши сабзавоту полезӣ, ғалладонагӣ, зироати техникӣ ва боғу токзор машғул мебошанд.
Дар Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» дар 800 гектар гандум, 200 гектар ҷав, 170 гектар пахта, 200 гектар сабзавоту полезӣ ва дар 40 гектар ҷуворимакка барои дон, 7 гектар сабзӣ, 20 гектар картошкаи навъи «Тоҷикистон» ва 1 гектар пиёзи тухмӣ кишт шудааст.
Дар Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон” дар масоҳати беш аз 600 гектар боғ бунёд гардида, аз он 230 гектар себ, 142 гектар бодом, 73 гектар олу, 15 гектар чормағз, 8 гектар ангур, 7 гектар шафтолу, 3 гектар нок ва 2 гектарро гелос ташкил медиҳад.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати гирифтани аз 3 то 4 ҳосил аз як қитъа ва бо ин роҳ саҳм гузоштан дар татбиқи яке аз 4 ҳадафи стратегӣ — таъмини амнияти озуқаворӣ, дар байни қаторҳои боғ сабзавоту полезӣ, аз ҷмла тарбузу харбуза, помидору бодиринг ва лубиёдонагиҳо кишт карда шудааст, ки нашъунамои хуб доранд.
Ҳоло дар заминҳои хоҷагӣ ҳосили тарбуз фаровон буда, маҳсулоти тайёр тариқи мошинҳои махсус ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат интиқол дода мешавад.
Таҷрибаи хоҷагидорон нишон дод, ки истифодаи байни қаторҳои боғ беҳтарин имконият барои афзун гардонидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, таъмин кардани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватании аз лиҳози экологӣ тоза ва гирифтани самараи бештар аз замин маҳсуб меёбад.
Дар Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» таҷрибаи муосири истифодаи самараноки замин ба чашм мерасад. Ҳамин шабу рӯзҳо заҳматкашон бо истифода аз техникаҳои соҳавӣ ба ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалла, ҷав, навъҳои гуногуни себ ва олуи сиёҳ машғул буда, дар заминҳои аз ҳосили гандум холишуда, кишти такрории ҷувримакка барои дон ва кунҷитро ба роҳ мондаанд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои меҳнатии кишоварзони Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон», ки аз сабзавоту полезии тару тоза, ғалладона, мевагӣ ва гиёҳҳои шифобахш иборат буд, дидан намуда, меҳнаткашонро барои истифодаи ҳарчи бештари имкониятҳои табиию истеҳсоли маҳсулоти ватании аз лиҳози экологӣ тоза ҳидоят намуданд.









Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳинро пас аз навсозӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои бунёди калонтарин Маҷмааи хизматрасонӣ санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони сохторҳои қудратӣ ва низомӣ мукофотҳои давлатӣ ва унвону рутбаҳои махсус супориданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Маркази хизматрасонии «Аҳмадҷон»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Имкон»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои СҲШ таҳти унвони «25 соли СҲШ: таҳкими субот, густариши ҳамкорӣ барои рушди ояндаи муштарак» иштирок намуданд






