Сарвазири Арманистон Никол Пашинян роҳбарони парлумонҳои кишварҳои аъзои СААД-ро ба ҳузур пазируфт

Июнь 7, 2022 08:22

ДУШАНБЕ, 07.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 6 июн,  пеш аз оғози кори ҷаласаи  сайёри Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) роҳбарони парлумонҳои Созмонро Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Никол Пашинян таъкид намуд, ки дар ҷаҳони муосир  хатару таҳдидҳо ба амнияту суботи давлатҳо, аз ҷумла дар минтақаи масъулияти СААД афзун гардида, тақвияти бештари ҳамгироии давлатҳои аъзои Созмонро дар мубориза ба ин зуҳуроти номатлуби аср дар ҳамбастагӣ тақозо кард.

Зимни мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ба Сарвазири Арманистон таманниёти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонида, изҳори итминон кард, ки имрӯз дар чаҳорчӯби ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентӣ иштирокчиён доир ба доираи васеи масъалаҳои дуҷониба ва минтақавию байналмилалӣ табодули андеша менамоянд.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон ба рушди ҳамкории байнидавлатӣ бо Арманистон аҳамияти хоса медиҳад ва аз сатҳи кунунии муколамаи сиёсӣ қаноатманд аст.


Маҳмадтоир Зокирзода ёдовар шуд, ки соли гузашта Тоҷикистон раёсати СААД-ро бар уҳда дошт.

«Дар ин замина,  мо як қатор тадбирҳоро муайян кардем, ки барои васеъ намудани доираи ҳадафҳо ва вазифаҳое, ки дар доираи Созмон ҳал мешаванд, пешбинӣ шудаанд», — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагон.

Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин таъкид намуд, ки Тоҷикистон дар СААД мавқеи махсусро ишғол намуда, дар таҳияи созишномаҳои нав, рушди робитаҳои амалӣ оид ба ташаккул ва рушди чорабиниҳои умумии сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилӣ оид ба мубориза бо таҳдидҳои дар назди Созмон пайдошуда саҳми арзанда дорад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ

Июнь 7, 2022 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд