Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Саммити дуюми минтақавӣ оид ба ҳадафҳои рушди устувор иштирок ва суханронӣ намуд

Июнь 16, 2022 14:05

ДУШАНБЕ, 16.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Саммити дуюми минтақавӣ оид ба ҳадафҳои рушди устувор баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар кори Саммити дуюми минтақавӣ оид ба ҳадафҳои рушди устувор дар мавзӯи «Берун аз КОВИД — дар роҳ ба сӯи барқароршавии одилона дар Осиёи Марказӣ» намояндагони СММ, Иттиҳоди Аврупо, Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон ширкат намуданд.

Таъсири иҷтимоию иқтисодии КОВИД-19, натиҷаи тадбирҳои дар ин самт андешидашуда, беҳтар сохтани иқтисодиёт, густариши ҳамкории иҷтимоӣ, сармоягузорӣ, гардиши тиҷорати хориҷӣ, таҳкими иттисол, занҷираи таъминот ва эҳёи равобит бо табиат аз масъалаҳое буданд, ки зимни баргузории ҷаласа баррасӣ гардиданд.

Рӯзномаи 2030 оид ба ҳадафҳои рушди устувор аз ҷониби ҳамаи давлатҳое, ки ба СММ дар соли 2015 мансубанд, тасдиқ карда шудааст.


Ҳадафҳои рушди устувор фарогири 17 самт, аз ҷумла аз байн бурдани камбизоатӣ, хотима додан ба гуруснагӣ, ноил шудан ба ҳаёти солим ва баланд бардоштани некуаҳволӣ, таълими фарогир, баробарҳуқуқ, босифат, баробарии гендерӣ, оби тоза, экология, энергетика, рушди иқтисодӣ, саноат, инноватсия, инфрасохтор, аз байн бурдани нобаробарии иқтисодӣ, шаҳру деҳоти устувор, ҳифзи мероси фарҳангӣ, табиӣ, истеъмол, истеҳсол, коҳиш додани ифлосшавӣ, мубориза бо тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ҷиддии он, уқёнус, баҳр ва захираҳои баҳрӣ, муҳофизат, барқарорсозӣ, истифодаи устувори экосистемаҳои заминӣ, мубориза бар зидди биёбоншавӣ, сулҳ, адолат ва принсипи ҳамбастагии глобалӣ мебошад.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ноил гаштан ба «Рӯзномаи 2030»-и СММ оид ба  Ҳадафҳои рушди устувор ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ дар мамлакат Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро қабул намуда, татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025-ро ба роҳ мондааст.


Ташаббусҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои гуногун, ки ба ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор замина мегузоранд, аз ҷумла аз ҷониби СММ ва кишварҳои ҷаҳон пазируфта шудани чор ташаббус дар самти обу экология, ки ба бахши шашуми Ҳадафҳои рушди уствор мутобиқат мекунанд, собитгари ин мебошанд.

Аз 6 то 9 июни соли равон дар шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки васеъ коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ баргузор гашт.

Баҳри барқарорсозӣ ва рушди  иқтисодиёт ҳавасмандгардонии тиҷорати хурду миёна, дасгирии гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ, нигоҳ доштани гардиши молу маҳсулот, таъмини ҳамлу нақли бемамонияти молҳои ниёзи аввал, ҳифзи муҳити зист, таъмин намудани гуногунсамтии иқтисодиёт, густариши раванди рақамикунонӣ, мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим, гузариш ба иқтисоди сабз ва ба роҳ мондани ҳамгироии дастаҷамъона омили расидан ба Ҳадафҳои рушди уствор дониста шуд.


Дар доираи Саммити дуюми минтақавӣ оид ба ҳадафҳои рушди устувор Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Алихан Смаилов мулоқот намуд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои дуҷонибаву бисёрҷонида дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону ташкилотҳои байналмилалию минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид шуд, ки дар замони паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 ва дигар омилҳо ба роҳ мондани ҳамигироии нек бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон имкон фароҳам сохт, ки то андозае сатҳи пасшавии иқтисодиёт гирифта шаваду зиндагии шоистаи сокинон таъмин гардад.


Мавриди зикр аст, ки гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Қазоқистон дар соли 2021 як миллиарду 163 миллион доллари америкоиро ташкил намуд, ки дар самти гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷ дар ҷойи дуюм аст.

Оид ба вусъати ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Қозиқистон, ки дар заминаи ташаббусҳои созандаи Сарони ду давлати бо ҳам дӯст татбиқ карда  мешавад, ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.

Ҳамчунин дар ин рӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ёвари маъмури Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид Уша Рао-Монарӣ мулоқот кард.


Аснои мулоқот ҷонибҳо ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои зертобеи он масъалаҳои муҳими рӯз аз ҷумла, обу экология, тағйирёбии иқлим, кишоварзӣ, иқтисод, сармоягузорӣ, технологияи рақамӣ, сайёҳӣ, ҷавонон, тандурустӣ, фарҳангӣ ва дигар бахшҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо СММ ва ташкилотҳои зертобеи ин созмони сатҳи ҷаҳонӣ Соли байналмилалии оби тоза-2003, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005-2015», Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об-2013 ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028»-ро татбиқ намуда, баҳри ба роҳ мондани ҳадафҳои навбатӣ,  эълон гардидани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо Барномаи рушди СММ чораҳҳои мушаххасро татбиқ намудаистодааст.

Таъкид гардид, ки дар доираи баргузории Конфронси дуюми байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ  Чаҳорчӯби ҳамкорӣ оид ба рушди устувор барои солҳои 2023-2026 ба имзо расонида шуд, ки фарогири афзалиятҳои глобалии стратегӣ буда, баҳри ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад кард.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 16, 2022 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Ҳоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён майдони парвариши лимӯро васеъ менамоянд
Сардхонаи муосири деҳоти «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён ба аҳолӣ хизмат мерасонад
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мешавад
120 гектар замини канори деҳаи Ғӯсари шаҳри Панҷакент бо оби полезӣ таъмин мегардад
Масъалаи тезонидани корҳо оид ба тармим ва навсозии нақби «Истиқлол» дар Душанбе баррасӣ гардид