Синамогарони олмонӣ дар бораи зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон ду филми куттоҳмуддати 20 дақиқагӣ таҳия менамоянд
ДУШАНБЕ, 20.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ду синамогари олмонӣ — Ҳаралдфон Виковски ва Маттиас Майер бо мақсади муаррифии зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон тавассути филмҳои кутоҳмуддат ба мардуми Олмон ба Тоҷикистон омаданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Сафари филмсозони олмонӣ ба кишвари мо бо даъвати Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон сурат гирифта, он 15 рӯз — аз 10 то 25 июн идома меёбад. Зимни сафар ҳайати эҷодӣ аз имкониятҳои сайёҳии шаҳру навоҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд, Бадахшон, навоҳии тобеи марказ ва шаҳри Душанбе дидан намуда, бо мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ аз наздик шинос мегарданд.
Аз ҷониби ҳайати эҷодӣ ду филми куттоҳмуддати иборат аз 20 дақиқагӣ таҳия гардида, дар онҳо Тоҷикистонро ба мардуми Олмон ва дигар кишварҳои Аврупо ҳамчун сарзамини сайёҳӣ ва дорои зарфиятҳои кофӣ барои сармоягузорӣ муаррифӣ менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки дар замони муосир воситаҳои ахбори омма муаррифгари асосии захираҳои сайёҳӣ мебошанд. Дар ин замина, пахш гардидани барномаҳои тарғиботӣ аз ҷониби шабакаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ баҳри муаррифии соҳаи сайёҳии кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва баланд гардидани эътимоди сайёҳон барои сафар ба Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат менамояд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд






