Синамогарони олмонӣ дар бораи зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон ду филми куттоҳмуддати 20 дақиқагӣ таҳия менамоянд

Июнь 20, 2022 10:40

ДУШАНБЕ, 20.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ду синамогари олмонӣ — Ҳаралдфон Виковски ва  Маттиас Майер бо мақсади  муаррифии зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон тавассути филмҳои кутоҳмуддат ба мардуми Олмон ба Тоҷикистон  омаданд. Дар ин бора ба АМИТ  «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Сафари  филмсозони олмонӣ ба кишвари мо бо даъвати Кумитаи рушди сайёҳӣ  дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон сурат гирифта,  он 15 рӯз — аз 10 то 25 июн  идома меёбад. Зимни сафар ҳайати эҷодӣ аз имкониятҳои сайёҳии шаҳру навоҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд, Бадахшон, навоҳии тобеи марказ ва шаҳри Душанбе  дидан намуда, бо мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ аз  наздик шинос мегарданд.

Аз ҷониби ҳайати эҷодӣ ду филми куттоҳмуддати иборат аз 20 дақиқагӣ таҳия гардида, дар онҳо Тоҷикистонро ба  мардуми Олмон ва дигар кишварҳои Аврупо ҳамчун сарзамини сайёҳӣ ва дорои зарфиятҳои кофӣ барои сармоягузорӣ муаррифӣ менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки дар замони муосир воситаҳои ахбори омма муаррифгари  асосии захираҳои сайёҳӣ мебошанд.  Дар ин замина, пахш гардидани барномаҳои тарғиботӣ аз ҷониби шабакаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ баҳри муаррифии соҳаи сайёҳии кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва баланд гардидани эътимоди сайёҳон барои сафар ба Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 20, 2022 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе Маркази нави таълимию истеҳсолӣ таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ беш аз 5 ҳазор меҳмонони дохиливу хориҷӣ ворид шудаанд
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Эмомалӣ Раҳмон: «Ташрифи сайёҳон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 13 баробар афзудааст»
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба вилояти Суғд беш аз 242 ҳазор меҳмони хориҷӣ ворид шудааст
РУШДИ САЙЁҲӢ. Табиати дилфиреби Хатлонзаминро беш аз 400 ҳазор нафар сайёҳон тамошо намуданд
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст