Соҳибкорони вилояти Фарғона бо фаъолияти корхонаҳои саноатии Суғд шинос мешаванд
ДУШАНБЕ, 01.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкорони вилояти Фарғона 1-3 июн дар вилояти Суғд бо фаъолияти корхонаҳои саноатӣ шинос шуда, бо доираҳои соҳибкорӣ мулоқот мекунанд. Дар назар аст, ки пас аз боздиду шиносоиҳо ҷонибҳо барои амалисозии лоиҳаҳои муштарак тасмим гиранд. Ин нукта зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо гурӯҳи соҳибкорон аз вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон, ки бо роҳбарии муовини ҳокими вилояти Фарғона Алибек Турсунов ба Суғд омадаанд, зикр карда шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» корманди хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ иттилоъ дод, имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гурӯҳи соҳибкорон аз вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистонро, ки бо роҳбарии муовини ҳокими вилояти Фарғона Алибек Турсунов ба вилоят омадаанд, ба ҳузур пазируфта, иброздошт, ки “бо сиёсати пешгирифтаи сарони давлатҳо- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкории минтақавӣ дар ҳоли рушд аст. Миёни вилояти Суғд ва вилоятҳои Тошканд, Самарқанд, Фарғона ва Намангон, инчунин Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкории байниминтақавӣ санадҳо имзо гардида, дар доираи он ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст”.
Зикр шуд, ки мубодилаи молу маҳсулот миёни минтақаҳои ду давлат сол аз сол зиёд гардида, аз вилояти Суғд нахи пахта, масолеҳи сохтмонӣ ва семент, маҳсулоти кишоварзӣ ва бисёр чизҳои дигар содирот гардида, аз Ҷумҳурии Узбекистон нуриҳои минералӣ, пойафзолу либос, масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизоти маишӣ ба вилоят ворид карда мешаванд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари навбатии соҳибкорони вилояти Фарғона ва мулоқот бо соҳибкорони вилояти Суғд ба рушди минбаъдаи равобит ва муносибатҳои иқтисодӣ хизмат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки меҳмонон давоми се рӯз аз якчанд корхонаҳои саноатии вилояти Суғд боздид намуда, бо соҳибкорони тоҷик мулоқот менамоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд






