Sputnik: Русия ба Тоҷикистон дар ҳалли мушкили обшавии пиряхҳо кумак хоҳад кард

Июнь 9, 2022 14:40

ДУШАНБЕ, 09.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Русия ба Тоҷикистон кумаки машваратии олимонро дар ташкили мониторинги яхбандии абадӣ пешниҳод кардааст. Ин ибтикор аз ҷониби  Вазири захираҳои табиӣ ва экологияи Федератсияи Русия Александр Козлов садо дод, хабар медиҳад агентии иттилооти  Sputnik.

Қаблан Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумиати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Александр Козлов дар чаҳорчӯби  Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 — 2028, ки рӯзҳои 6-9 июнь дар Душанбе баргузор шуд,  мулоқот карда буд. Дар ин нишаст Шерализода ва Козлов ҳамкориҳои кишварҳо дар соҳаи муҳити зистро баррасӣ карданд.

Намояндаи Русия гуфт, ки Ҳукумати Тоҷикистон «ба нақша гирифтааст, ки кор дар пиряхҳоро оғоз кунад». Обшавии онҳо мушкилӣ пеш хоҳад овард»,   таъкид кард ӯ.

«Пешниҳод кардем, ки таҷрибаи худ оид ба ташкили мониторинги яхбандии абадиро мубодила кунем. Мо аллакай ба ин кор машғулем ва ҳоло системаи давлатии мониторингро таъсис дода истодаем, ки  он 140  истгоҳи назорати ҳолати яхбандии абадиро дарбар хоҳад гирифт», —  афзуд Козлов.

Ӯ Шерализодаро ба Санкт-Петербург, ба Пажӯҳишгоҳи илмии Арктика ва Антарктикаи Росгидромет даъват кард, ки дар он мутахассисон омодаанд таҷрибаи кор бо яхбандии абадиро мубодила кунанд.

                                     АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҶТ/АМИТ «Ховар»

 

Июнь 9, 2022 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд