Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон

Июнь 18, 2022 06:50

18.06.2022, ноҳияи Данғара

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳарчанд ки мо моҳи феврали соли ҷорӣ бо роҳбарият ва фаъолони вилоят оид ба вазъи корҳо, аз ҷумла рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарии давлат, Ҳукумати мамлакат ва раванди ободкориву созандагӣ мулоқот карда будем, имрӯз тасмим гирифтем, ки бо дарназардошти вазъи кунунии ҷаҳонӣ ва дигаргуниву таҳаввулоти вақтҳои охир дар сайёра бамиёномада доир ба вазифаҳое, ки дар шароити кунунӣ дар назди мову шумо қарор доранд, машварати корӣ доир намоем.

Тавре мушоҳида мегардад, буҳронҳои сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза, низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, болоравии бесобиқаи нархи маҳсулоти ғизоӣ ва кам гардидани истеҳсоли онҳо дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҷомеаи башариро ба таври ҷиддӣ нигарон кардаанд.

Дар асоси маълумоти Созмони Милали Муттаҳид дар солҳои 2018 – 2021 бо сабаби вазъи мураккаби бавуҷудомада шумораи сокинони сайёра, ки ба норасоии маҳсулоти озуқа дучор шудаанд, 88 фоиз зиёд гардида, 193 миллион нафарро ташкил додааст.

Мувофиқи арзёбии Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии ин созмон вазъи ҷаҳон имсол ва соли 2023 боз ҳам вазнинтар шуда, шумораи одамоне, ки ба хатари гуруснагӣ дучор мешаванд, ба 220 миллион нафар баробар мегардад.

Ҳамзамон бо ин, тибқи пешгӯии ҳамин созмон дар мавсими солҳои 2022 – 2023 истеҳсоли ғалладона дар ҷаҳон кам мешавад.

Дар ин давра истеҳсоли ғалладона дар ҷаҳон нисбат ба соли гузашта 16 миллион тонна, аз ҷумла гандум 6 миллион тонна ва биринҷ 1,3 миллион тонна коҳиш меёбад.

Дар баробари ин, вобаста ба вазъи бамиёномада имрӯзҳо дар биржаҳои ҷаҳонӣ болоравии нархи сӯзишворӣ ва маводи озуқа ба назар мерасад.

Аз ҷумла ба ҳолати 10 июни соли 2022 нархи нафт нисбат ба аввали сол 1,5 баробар, бензин 1,8 баробар, гази табиӣ 2,3 баробар, гандум 1,4 баробар, равғани растанӣ 1,3 баробар, шакар 7,2 фоиз ва биринҷ 12,4 фоиз баланд шудааст.

Чунин ҳолат метавонад ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба Тоҷикистон таъсир расонад ва мувофиқи хулосаи коршиносон оқибатҳои ин давраи ниҳоят ҳассос пешгӯинашаванда ва дарозмуҳлат мебошанд.

Дар робита ба ин, такроран таъкид менамоям, ки соли ҷорӣ ва соли оянда барои аҳли башар аз ҳар ҷиҳат ва пеш аз ҳама, аз лиҳози таъминот бо озуқаворӣ солҳои бисёр вазнин ва душвортарин дар таърихи инсоният мегарданд.

Аз ин рӯ, роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла вилояти Хатлонро зарур аст, ки бо истифода аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда ҷиҳати пурра таъмин намудани иҷрои нақшаи чорабиниҳои қабулкардаи Ҳукумати мамлакат оид ба пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Махсусан, дар самти таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолии дохилӣ бо маҳсулоти ниёзи аввалия, ташкил кардани захираи кофии онҳо, пешгирӣ кардани болоравии беасоси нархҳо, ба роҳ мондани фаъолияти муназзаму устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бомаром идома додани нақшаҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармояи ватаниву хориҷӣ, истифодаи самараноки манбаъҳои мавҷуда ва сарчашмаҳои иловагии рушд ва дигар тадбирҳо ҳар як роҳбар ва шахси масъул бояд масъулияти баланд ва муносибати ҷиддӣ зоҳир намояд.

Дар шароити имрӯза тамоми мардуми Тоҷикистон, пеш аз ҳама, кишоварзон ва ҳар як оиларо зарур аст, ки ба истифодаи самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва дар заминҳои обӣ ҳатман ба роҳ мондани кишти такрорӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла вилояти Хатлонро зарур аст, ки барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили ғалладона чораҷӯӣ намуда, кишти такрориро бештар аз ҳисоби картошка, шолӣ, маккадон ва лӯбиёгиҳо васеъ ба роҳ монанд.

Ин масъала ба ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, алалхусус, ноҳияҳои водии Рашт, ки роҳбарони онҳо ба машварати имрӯза даъват шудаанд, дахл дорад.

Бори дигар таъкид менамоям: ҳоло, ки фурсат ҳаст, яъне мавсими фаровонист, тамоми мардуми кишвар, ҳамаи ташкилоту муассисаҳо ва ҳар як оила бояд дар фикри таъминоти худ бошанд, ҷиҳати ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва барои ду сол захира намудани маводи зарурии ғизоӣ ҳамаи чораҳои заруриро андешанд, то ки дар фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода танқисиву муҳтоҷӣ накашанд.

Яъне мо бояд аз имрӯз сар карда, ба мавсими тирамоҳу зимистон омода шавем.

Хотирнишон месозам, ки дар ин масъала роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо масъулияти шахсӣ дошта, омодагии ҳар як оиларо назорат кунанд ва аз натиҷааш то 1-уми октябри соли 2022 ба Президенти мамлакат ҳисобот пешниҳод намоянд.

Мо барои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳамаи имкониятҳои зарурӣ – обу замин, таҷриба, деҳқонони асил ва мардуми заҳматқарин дорем.

Дар вилояти Хатлон чунин имкониятҳо нисбат ба дигар минтақаҳои мамлакат фаровонанд ва кишоварзони вилоят дар шароити ҳассоси имрӯза метавонанд дар самти ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ беш аз ҳар вақти дигар саҳмгузор бошанд.

Инчунин, вобаста ба шароити иқлим вилояти Хатлон нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар хусусиятҳои хоси худро дошта, имконияти зиёди бо маҳсулоти барвақтӣ таъмин намудани бозори истеъмолӣ ва пешгирӣ кардани болоравии нархи маҳсулоти ниёзи мардумро дорад.

Барои таъмин намудани рушди соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат то ба имрӯз 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло боз 4 лоиҳаи дигар ба маблағи 1 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.

Илова бар ин, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар 15 соли охир хоҷагиҳои кишоварзии вилоят бо зиёда аз 2 ҳазор техникаи кишоварзӣ ва 6 ҳазору 600 мошинолоти кишоварзӣ таъмин карда шудаанд.

Маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон 58 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии кишварро ташкил медиҳад, вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имкониятҳои фаровони соҳа ҳанӯз ҳам ба таври зарурӣ истифода нашуда истодаанд.

Ҳарчанд ки майдони кишт дар вилоят нисбат ба соли гузашта тағйир наёфтааст, вале зиёда аз 16 ҳазор гектар заминҳои партов, аз ҷумла 14,7 ҳазор гектар заминҳои обӣ ва қариб 2 ҳазор гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда мавҷуданд.

Инчунин, тибқи ченаки назоратӣ иҷрои дурнамои кишти картошкаи барвақтӣ дар майдони қариб 2,4 ҳазор гектар, пахта зиёда аз 3 ҳазор гектар ва пиёзи барвақтӣ зиёда аз 1,5 ҳазор гектар таъмин нагардида, тибқи таҳлили мутахассисони соҳа гирифтани ҳосили интизории 37 ҳазор тонна картошкаи барвақтӣ ва 61 ҳазор тонна пиёзи барвақтӣ ғайримкон гардидааст, ки бо дарназардошти вазъи имрӯзаи озуқаворӣ дар ҷаҳон хеле ташвишовар ва нигаронкунанда мебошад.

Тибқи маълумоти оморӣ дурнамои кишти баҳорӣ ба ҳолати 1-уми июни соли ҷорӣ дар вилоят ҳамагӣ 94 фоиз иҷро шуда, ин нишондиҳанда дар шаҳру ноҳияҳои Фархор 78 фоиз, Ҳамадонӣ 83, Левакант 91, Данғара 94 ва Кӯлоб 97 фоизро ташкил кардааст.

Масъалаи дигаре, ки мо бояд дар шароити имрӯза ба он диққати аввалиндараҷа диҳем, дар заминҳои обӣ ба таври ҳатмӣ ба роҳ мондани кишти такрорӣ мебошад.

Мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1-уми июн дар вилоят дурнамои кишти такрорӣ ҳамагӣ 14 фоиз иҷро шуда, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо кишти такрорӣ умуман ба роҳ монда нашудааст, ки аз бемасъулиятии роҳбарияти соҳа дарак медиҳад.

Дар шароити кунунӣ роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки бо истифода аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла аз ҷониби аҳолӣ дар заминҳои президентиву наздиҳавлигӣ зиёд намудани кишти такрориро аз ҳисоби картошка, шолӣ, маккадон ва лӯбиёгиҳо таъмин намоянд.

Дар кишвар, дар маҷмӯъ, беш аз 182 ҳазор гектар заминҳои президентиву наздиҳавлигӣ дар ихтиёри аҳолӣ қарор доранд, ки 104 ҳазор гектари онҳо заминҳои обӣ мебошанд.

Аз ҷумла, заминҳои наздиҳавлигии корам 123,5 ҳазор гектар, аз он обӣ 71 ҳазор гектар ва заминҳои президентӣ 59 ҳазор гектар, аз он обӣ 33 ҳазор гектар.

Дар вилояти Хатлон зиёда аз 82 ҳазор гектар заминҳои президентиву наздиҳавлигӣ дар ихтиёри аҳолӣ қарор доранд, ки 55 ҳазор гектари онҳо замини обӣ мебошад.

Аз ҷумла, заминҳои наздиҳавлигии корам 56 ҳазор гектар, аз он обӣ 38,5 ҳазор гектар ва заминҳои президентӣ 26,4 ҳазор гектар, аз он обӣ 16,6 ҳазор гектар.

Ҳамзамон бо ин, тавре дар боло зикр гардид, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз гардиши кишоварзӣ берун мондани қариб 2000 гектар замини корами обӣ масъалаи ҷиддии ҳалталаб буда, ҷиҳати ислоҳи ин вазъ ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби роҳбарону масъулин бояд чораҳои қатъӣ андешида шаванд.

Роҳбарону мутахассисони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор карда мешаванд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ҷиҳати истифодаи самаранокии заминҳо, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии онҳо, риояи қоидаҳои агротехника, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, гирифтани 3 – 4 ҳосил ва ба ин васила зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот тадбирҳои мушаххас андешанд.

Инчунин, истеҳсол ва захира намудани тухмии аълосифати тамоми намудҳои зироатро барои мавсими кишту кори оянда таъмин намоянд.

Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки дар доираи корҳои омодагӣ ҷиҳати зимистонгузаронӣ барои захира намудани хӯроки чорво аз тамоми имкониятҳо истифода карда шавад.

Боғу токпарварӣ яке аз бахшҳои муҳимми соҳаи кишоварзии вилоят ба ҳисоб рафта, дар ҳифзи амнияти озуқаворӣ, таъмини бозори истеъмолӣ, ташкили ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат саҳми назаррас гузошта метавонад.

Бо вуҷуди он, ки ба ҳолати 1-уми июни соли 2022 дар вилоят нақшаи бунёди боғу токзорҳо ва барқарорсозии онҳо 6,3 баробар зиёд иҷро гардидааст (87 фоизи нақша танҳо аз ҳисоби ноҳияи Хуросон), вале дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоят нақшаи пешбинишуда иҷро нашуда, дар як қатори шаҳру ноҳияҳо дар ин самт умуман корҳо роҳандозӣ нагардидаанд, ки чораҷӯии иловагиро талаб менамояд.

Дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ аз кишвар 83 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 21 миллион доллар содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 43 фоиз аз рӯи вазн ва 2,6 баробар аз рӯи арзиш зиёд мебошад.

Дар ин давра, вилояти Хатлон 10,3 ҳазор тонна меваю сабзавот ба маблағи 1,7 миллион доллар ба хориҷи кишвар содирот шудааст.

Аммо иқтидору имконияҳои вилоят дар самти истеҳсолу содироти маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан, меваю сабзавот ҳанӯз ҳам пурра истифода нашуда истодаанд.

Роҳ надодан ба талафоти ҳосили ҷамъоваришуда ва дар мавсими тирамоҳу зимистон бо сабзавоту меваҷот таъмин намудани бозори истеъмолии дохилӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, бунёди сардхонаҳо бо технологияҳои муосири нигоҳдорӣ, махсусан, дар шароити ҳассоси имрӯза вазифаи аввалиндараҷа маҳсуб меёбад.

Дар робита ба ин, роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватаниву хориҷӣ ҷиҳати зиёд намудани майдони гармхонаву сардхонаҳои замонавӣ, ташкили корхонаҳои банду басти маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси марказҳои логистикӣ ҷиҳати мунтазам таъмин намудани бозори дохилӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Гарчанде солҳои охир ҷалби сармояи хориҷӣ ба вилоят тамоюли афзоиш дорад, вале барои таъмин намудани ҳадафҳои гузошташуда корҳо дар ин самт, хусусан, дар масъалаи ҷалби сармояи мустақим то ҳол кофӣ нестанд.

То ба имрӯз дар вилоят 80 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи қариб 15 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 41 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, обёрӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, энергетика, нақлиёт, сайёҳӣ, экология ва пешгирии ҳодисаҳои фавқулода идома дорад, ки маблағи дар доираи онҳо азхудшуда беш аз 7 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба вилояти Хатлон ҳамагӣ 40 миллион доллар сармояи мустақими хориҷӣ ворид шудааст.

Аз ҷумла ба ноҳияи Данғара 36,3 миллион доллар ва ба ноҳияи Ёвон 3,2 миллион доллар рост меояд.

Ба дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ин давра умуман сармояи хориҷӣ ворид нашудааст, ки ташвишовар мебошад.

Таъкид менамоям, ки нишондиҳандаи мазкур барои расидан ба ҳадафҳои муайянкардаи Ҳукумати мамлакат ва таъмин намудани рушди устувори вилоят қонеъкунанда нест.

Бинобар ин, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он бояд фаъолияти худро дар самти ҷалби сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмин намудани шароити мусоиди инфрасохторӣ ва рушди соҳаҳои афзалиятнок ҷиддӣ ба роҳ монанд.

Зеро амалӣ намудани ҳадафи саноатикунонии босуръат, ки дар доираи он мо солҳои 2022 – 2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон намудем, бе вусъат додани ҷалби сармоя ва инчунин, бе таъмин намудани соҳибкорони ватанӣ бо қарзҳои дарозмуддату арзони бонкӣ ғайриимкон мебошад.

Дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба иқтисодиёти вилоят ҳамагӣ ба маблағи 1 миллиарду 115 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 94 миллион сомонӣ ё 9 фоиз зиёд мебошад.

Лекин ин нишондиҳанда бо дарназардошти фаъолияти 108 ҳазор субъекти хоҷагидори вилоят, ки 32 фоизи субъектҳои хоҷагидори кишварро ташкил медиҳанд, қонеъкунанда нест.

Вобаста ба ин, Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзиро зарур аст, ки барои таъмин намудани дастрасии соҳибкорони хурду миёна ба қарзҳои имтиёзнок ва дарозмуҳлат чораҳои фаврӣ андешида, барои зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ, махсусан, ба минтақаҳои дурдаст ва баландкӯҳ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар натиҷаи чораҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии соҳибкорӣ ва имтиёзу сабукиҳои пешниҳодгардида барои рушди босуръати соҳибкорӣ ва соҳаи саноат дар панҷ моҳи аввали соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,7 фоиз зиёд гардидааст.

Вале ин нишондиҳанда аз сатҳи миёнаи кишвар, ки 17 фоизро ташкил медиҳад, 3,3 фоиз кам мебошад ва ҳиссаи истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилояти Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии мамлакат ҳамагӣ 22 фоизро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки 42 фоизи маҷмӯи маҳсулоти саноатии вилоятро истеҳсол ва таъминоти нерӯи барқ ташкил медиҳад.

Дар ин давра 45 корхонаву коргоҳҳои нав ҳамагӣ бо 420 нафар ҷойи нави корӣ таъсис дода шудаанд, ки ба талаботи ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ҷавобгӯ нест.

Инчунин, дар панҷ моҳи соли 2022 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар ноҳияҳои Носири Хусрав 20 фоиз, Балҷувон 15,5 фоиз ва Муъминобод 3 фоиз коҳиш ёфта, дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Левакант ва Ёвон афзоиши маҳсулоти саноатӣ ба таври зарурӣ таъмин нагардидааст, ки андешидани чораҳои заруриро талаб менамояд.

Ду соли охир аз 665 корхонаи саноатии вилоят 51 корхона (қариб 1000 ҷойи корӣ) умуман фаъолият накарда, дар 153 корхона суръати рушд таъмин нашудааст, ки аз ин ҳисоб нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 136 миллион сомонӣ кам маҳсулот истеҳсол шудааст.

Инчунин, аз 207 номгӯйи маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли 41 номгуй кам гардидааст.

Ҳамчунин, дар панҷ моҳи соли 2022 дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла Норак, Шамсиддин Шоҳин, Муъминобод, Левакант, Ёвон ва Ҷайҳун шумораи корхонаҳои саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бетағйир монда, дар ноҳияҳои Қубодиён ва Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ҳатто як ададӣ кам шудааст, ки аз фаъолияти сусти масъулини шаҳру ноҳияҳои зикршуда дар самти бунёди корхонаву коргоҳҳои саноатӣ гувоҳӣ медиҳад.

Илова бар ин, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз як қатор корхонаҳои саноатии хусусигардонидашуда пурра ё бо иқтидори кофӣ фаъолият надошта, аз тарафи соҳибмулкони онҳо ба масъалаҳои солимгардонӣ ва таҷдиду барқарорсозии технологии корхонаҳо чораҷӯӣ карда намешавад.

Аз ин рӯ, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки бо мақсади татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар фаъолияти худро доир ба ташкили корхонаҳои коркарди ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, хусусан, корхонаҳои саноати ҳӯрокворӣ оид ба коркарди меваю сабзавот вусъат бахшанд.

Вазорати саноат ва технологияҳои навро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сармоягузорон барои ҷоннок намудани фаъолияти корхонаҳои амалкунанда ва барқарор намудани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда тадбирҳои қатъӣ андешад.

Ҳарчанд ки дар панҷ моҳи соли 2022 аз вилоят ба маблағи қариб 1 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шудааст, вале ин нишондиҳанда фоизи ночизи сатҳи кишварро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон бо ин, 92 фоизи содироти вилоят ба 6 намуди мол – неруи барқ, нахи пахта, калобаи пахтагин, семент ва шираи растаниҳо рост меояд.

Дар ин давра ба вилоят ба маблағи садҳо миллион доллар молу маҳсулот, аз ҷумла маҳсулоти ниёзи мардум ва дигар намудҳои молу маҳсулот ворид шудааст, ки барои истеҳсоли онҳо дар вилоят захираву имкониятҳо фаровонанд.

Бинобар ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор рушди соҳаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, мошинсозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва дорусозиро бо ворид намудани технологияҳои муосир ва истифодаи ҳарчи бештар аз захираҳои ашёи хоми вилоят тавассути коркарди пурраи маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш таъмин карда, ба ин васила ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашударо афзоиш диҳанд.

Ҳарчанд ки тибқи таҳлилҳо корҳо вобаста ба истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ дар вилоят тақвият ёфта истодаанд, вале имкониятҳои истифоданашудаи вилоят дар ин самт ҳоло ҳам зиёд мебошанд.

Бо вуҷуди супоришҳои қаблан додашуда оид ба таъмин намудани талаботи кишвар бо либоси мактабии истеҳсоли худӣ, корҳо дар ин самт суст ба роҳ монда шудаанд.

Тибқи ҳисоботи оморӣ сатҳи таъминнокӣ бо либоси мактабӣ дар вилоят дар панҷ моҳи соли 2022 ҳамагӣ ба 5,7 фоиз баробар шудааст, ки умуман қонеъкунанда нест.

Дар баробари ин, истеҳсоли либоси мактабӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кушониён, Шамсиддини Шоҳин ва Ховалинг ба роҳ монда нашуда, дар Кӯлоб, Фархор, Норак, Левакант, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ ҳамагӣ дар сатҳи 1–2 фоизи таъминнокӣ роҳандозӣ гардидааст, ки аз беэътиноии масъулин дарак медиҳад.

Бинобар ин, роҳбарияти вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадоранд, ки ҷиҳати ислоҳи ин камбудӣ чораҳои фаврӣ ва қатъӣ андешанд.

Новобаста аз супоришҳои қатъӣ дар самти таъсиси корхонаҳои коркарди пӯст, то имрӯз дар ҳудуди вилоят дар ин самт ягон корхона таъсис дода нашудааст.

Ҳол он ки тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1-уми июни соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят саршумори чорвои калону майда зиёда аз 3,6 миллион сарро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 фоиз зиёд гардидааст.

Вобаста ба ин, Вазорати саноат ва технологияҳои навро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сармоягузорон доир ба ташкили корхонаҳои коркарди пӯст, истеҳсоли пойафзол ва дигар маҳсулоти чармӣ чораҷӯӣ намояд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти вилояти Хатлон ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш аз 63 миллиард сомонӣ маблағ равона карда шудааст.

Дар ин давра танҳо барои дастгирии буҷети шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби Ҳукумати мамлакат беш аз 5,5 миллиард сомонӣ мусоидати молиявӣ (субвенсия) ҷудо гардидааст.

Аз ҷумла дар соли 2022 ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маблағи 240 миллион сомонӣ субвенсия пешбинӣ шудааст.

Бо вуҷуди дар панҷ моҳи соли 2022 дар сатҳи 103 фоиз иҷро гардидани нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо дар вилоят, қисми хароҷоти буҷет пурра таъмин нашудааст, ки аз ин ҳисоб ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят беш аз 50 миллион сомонӣ маблағ кам равона гардидааст.

Баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла шаҳри Норак 13,8 миллион сомонӣ, ноҳияҳои Панҷ 1,4 миллион сомонӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ 728 ҳазор сомонӣ уҳдадориҳои андозии худро дар назди буҷет таъмин накардаанд.

Ҳамчунин, бақияи қарзи андозҳо дар вилоят то ҳол зиёд буда, ба ҳолати 1-уми июни соли ҷорӣ 179 миллион сомониро ташкил додааст, ки чунин вазъ бояд ҳарчи зудтар бартараф карда шавад.

Бинобар ин, ба роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки якҷо бо Вазорати молия ва Кумитаи андоз ҷиҳати сари вақт ва пурра ҷамъоварӣ намудани андозҳо, кам кардани бақияпулии онҳо ва роҳ надодан ба қарздории музди меҳнат тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, хусусан, дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки фазои сиёсии он ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ бошиддат тағйир меёбад, аз ҳар як фарди бонангу номуси кишвар, бахусус, ҷавонон тақозо менамояд, ки тамоми нерӯи ҷисмониву зеҳнии худро ба ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, бунёдкориву созандагӣ ва рушди Ватани азизамон равона созанд.

Бо истифода аз фурсат, ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат карда, бори дигар таъкид менамоям, ки дар шароити ниҳоят ҳассоси ҷаҳони имрӯза мо бояд нисбат ба ҳар вақти дигар ва боз ҳам сарҷамъу муттаҳид бошем ва аҳлонаву содиқона заҳмат кашем.

Мову шумо давраҳои аз ин ҳам душвору вазнин, аз ҷумла ду соли паҳншавии бемории хатарноки КОВИД – 19-ро бо дастгирии якдигар паси сар кардем.

Аз ин лиҳоз, мо бояд ба воҳимаву таҳлука наафтем, кор кунем, сарфаю сариштакор бошем, ба зиёдаравию исрофкорӣ, хусусан, исрофи нон роҳ надиҳем ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим»-ро ба таври қатъӣ риоя намоем.

Бо вуҷуди корҳои то имрӯз амалигардида, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35–солагии истиқлоли давлатӣ ва татбиқи чорабиниҳои вобаста ба панҷсолаи рушди саноат нақшаи корҳои ободониву бунёдкориро барои давраи то соли 2026 бо дарназардошти натиҷаҳои татбиқи нақшаи қаблӣ, таҳлили вазъи воқеии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва фароҳам овардани шароити инфрасохтории ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир дар муҳлати муайяншуда таҳия ва пешниҳод намоянд.

Корҳои ободониву бунёдкорӣ, пеш аз ҳама, бояд ба таъсиси корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои кории нав, бунёди инфрасохтори зарурӣ, бо санъати баланди меъморӣ бунёд намудани иншооту биноҳо ва дар ин раванд баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, инчунин, ба раванди созандагии Ватан сафарбар намудани тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон равона карда шаванд.

Саломат бошед!

Июнь 18, 2022 06:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Фароғатбону»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии ҶДММ «Назар»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении ҶДММ «Технологияи полимерӣ» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли пойафзолро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Маркази ташхису табобатии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан марҳилаи дуюми коргоҳи истеҳсоли дучарха ва бозичаҳои гуногуни ҶДММ «Адл»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли ҷиҳози кӯдаконаи ҶДММ «Адл»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи «Сино медикал»-ро ба истифода доданд