«Тағйирёбии иқлим. Тоҷикистон мизбони конфронси муҳими ҷаҳонӣ»,- шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Июнь 2, 2022 11:31

ДУШАНБЕ, 02.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияҳои даврии Тоҷикистон ҳафтаи сипаригардида оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат хабару гузориш ва мақолаҳои сершумор ба нашр расониданд, ки шарҳи мухтасари онҳоро пешкаши  хонандагони сомона мегардонем.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» дар саҳифаи аввали шумораи  №104 (24 463), сешанбе, 31 майи соли равон таҳти сарлавҳаи «Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон», «Идомаи сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон», «Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон» оид ба сафари расмии Сарвари давлат ба Ҷумҳурии Исломии Эрон хабару гузоришҳо  нашр намудааст.

Муаллифи маводи «Тағйирёбии иқлим. Тоҷикистон мизбони конфронси муҳими ҷаҳонӣ» Лашкар Шарифзода дар мусоҳибаи худ бо муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назриало Шерализода проблемаҳои тағйирёбии иқлим, бахусус осеб дидани захираҳои барф ва яхро, ки вобаста ба ин масъалаи муҳим аз 6 то 9 июни соли равон дар шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ”  баргузор мегардад, баррасӣ намудаанд.

«Конфронс аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон ташкил гардида, ҳамчун занҷираи марказӣ ба Конфронси СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об (Ню-Йорк, 22-24 марти соли 2023) хоҳад буд», -иттилоъ дода шудааст дар мақолаи мазкур.

«Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҷалби бештари диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба проблемаи таназзулёбии пиряхҳо, таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва муайян намудани Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба миён гузоштанд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб истиқбол шуданд. Аз ин нуқтаи назар метавон гуфт, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ яке аз кишварҳои ташаббускор ва ҳавасманди ҳифзи муҳити зист, хусусан захираҳои обӣ, эътироф гардидааст», — изҳор доштааст  муовини директори Агентии обуҳавошиносии  Назриало Шерализода дар ин мусоҳиба. Хонанда имкон дорад, ки давоми матлабро аз ин шумора  мутолиа намояд.

Инчунин дар ин шумора матлабҳои гуногун  доир ба мавзӯъҳои муҳими  рӯз мавриди таҳлил қарор дода шуда, пешниҳоди хонандагон гардидаанд.

«Буҳрони Афғонистон. Коршиносони тоҷик таҳдидҳо ба кишварҳои ОМ-ро баррасӣ карданд»- чунин ном дорад матлаби дигари ин нашрия, ки дар он муаллиф Маҳмуд Мирзоён аз ҷараёни мизи гирде, ки дар Маркази тадқиқоти страгегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Раванди ташаккули «буҳрони Афғонистон» ва таъсири эҳтимолии он ба фазои сиёсии минтақаи Осиёи Марказӣ: нигоҳ аз Тоҷикистон» доир гардид, гузориши муфассал пешниҳод намудааст.

Дар гузориш зикр карда шудааст, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди барқарории ҳамкории сиёсӣ бо Афғонистон дар мавқеи худ устувор мебошад ва он аз ҷониби роҳбарияти олии сиёсии мамлакат аллакай возеҳу равшан баён шудааст. Мавқеъгирии Тоҷикистон, ки дар меҳвари он ташкили ҳукумати фарогир, эҳтирому арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои ҳамаи сокинони мамлакат қарор доранд, аз ҷониби аксари кишварҳо ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ эътироф гардидааст».

Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Садои мардум» рӯзи сешанбе, 31 май №65 (4485) дар баробари дигар рӯзномаву нашрияҳои кишвар дар саҳифаи аввали худ аз ҷараёни сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон хабару гузоришҳо нашр намудааст.

Инчунин нашрия дар саҳифаи 4 худ таҳти унвони «Неруҳои марзбонӣ сипари боэътимоди давлатдории навини тоҷиконанд» суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи сарҳадбонон нашр намудааст. Сарвари давлат зимни суханронии худ неруҳои марзбони Тоҷикистонро, ки зодаи даврони Истиқлоли давлатии кишварамон мебошанд, сипари боэътимоди давлатдории навини тоҷикон ва яке аз рукнҳои муҳимтарини Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат унвон карданд. «Мо имрӯз ифтихор мекунем, ки сарҳадбонони мо марзу буми сарзамини аҷдодӣ, яъне амнияту суботи давлат ва оромиву осоиши ҷомеаро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ таъмин карда истодаанд»,-изҳор намуданд Пешвои миллат.

Ҳамчунин дар ин шумора хонанда метавонад  хабару гузоришҳоро дотр ба самтҳои иҷтимоию иқтисодӣ  ва  фарҳангию варзишӣ  мутолиа  намояд.

«Минбари  халқ» — нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи №21 (1367),  1 июн, чоршанбе, дар баробари дигар нашрияҳо сафари расмии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмонро ба ҶИЭ нашр намудааст. Инчунин  дар ин шумораи рӯзнома  хабару мақола оид ба фаъолияти ҲХДТ  ва дигар  маводи ҷолиб ба  нашр расидаанд.

Муаллифи маводи «Эҳтиёт! Вируси нави «Сурхакони маймун» Тағоймурод Орифӣ нигоштааст: «Вируси мазкур ба инсон хатари бузург надошта, дар натиҷаи табобат шифо меёбад. Аммо дар маҷмӯъ ин беморӣ хатарнок аст ва бахусус захмҳои он хеле манфур буда, ба зоҳири инсон истиндод меоранд. Ба гуфти коршиносон, тақрибан аз 1 то 4 фисади одамон аз таъсири ин вирус ба ҳалокат мерасанд….». Хонанда имкон дорад давоми матлабро аз ин шумора  мутолиа намояд.

Инчунин хонандагон имкон доранд матлабҳои ҷолиби дигари ин нашрия, аз ҷумла, «Гулҳои зиндагии мо», «Оромӣ беҳтарин неъмат аст», «Ҳашт кишвари Авруосиё толибонро ба ташкили ҳукумати фарогир даъват карданд», «Сиёсатро бо эътиқодоти динӣ пайвастан ихтилофоти азим меорад», «Ба замин бояд эҳтиром гузошт»-ро мутолиа намоянд.

«Боҷу хироҷ»- нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар шумораи №21 (1325), панҷшанбе, 2 июни соли равон хонандагон метавонанд бо маводи хонданбоб оид ба «Меъёри андози замин ва андози ягонаи кишоварзӣ», «Дастгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ», «Сулҳу субот ва амнияту оромӣ неъмати бебаҳост» ва дигар матлабҳои ҷолиб шинос шаванд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 2, 2022 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 100-солагии адабиётшиноси маъруфи тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоишу маҳфилҳои илмӣ-адабӣ доир мешаванд
Донишкадаи умумирусиягии кинематографияи ба номи Сергей Герасимови шаҳри Москва қабули довталабонро эълон намуд
«Нурворизм» ва «Танворизм» -«Ду равияи як рассом». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассом Зокир Собиров ифтитоҳ гардид
Коллеҷи хореографӣ ба номи Малика Собирова дар соли нави хониш ба истифода дода мешавад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Ҳадафи ин иқдом тарғиби либоси миллӣ ва ҷалби тарроҳон ба муосиргардонии он мебошад
«САҲМИ ИБНИ СИНО ДАР ТАШАККУЛИ ТИББИ ҚАДИМ ВА МУОСИР: ОСОРИ ИЛМӢ, ТАҶРИБА ВА НАЗАРИЯ». Таҳти ин унвон дар Русия озмуни мақолаи беҳтарин эълон гардид
Филми «Дар талоши ҳақиқат» аввалин маротиба дар синамоҷашнвораи «Дебют»-и Амрико иштирок мекунад
Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ҳамкориро бо рӯзномаи «Жэнмин Жибао»-и Чин тақвият мебахшад
Байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Медиакорпоратсияи «CMG»-и Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
«ҲУНАР ОМӮЗ…». Дар ин озмун беҳтарин даврии чакан ба намоиш гузошта шуд
Меҳмонон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе даврии ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз…» оғоз шуд