Таҷрибаи Тоҷикистон дар раванди шомилшавӣ ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ба Узбекистон пешниҳод гардид
ДУШАНБЕ, 16.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария дар ҳошияи Конфронси 12-уми вазирони Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) мулоқоти муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва муовини Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Бадриддин Абидов баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд, дар рафти мулоқот масъалаи шомилшавии Узбекистон ба СУС баррасӣ гардида, таҷрибаи Тоҷикистон дар раванди шомилшавӣ ба Созмон пешниҳод карда шуд. Аз ҷумла, ҷониби Тоҷикистон масъалаи мазкурро бо назардошти манфиатҳои иқтисоди миллӣ баррасӣ намуда, дар робита ба он пешниҳод манзур намуд, ки аз ҷониби узбекистонӣ пазируфта шуд.
Дар мулоқот А. Абдураҳмонзода зикр намуд, ки ҳамкории дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистону Узбекистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоли рушд қарор дорад. Аз ҷумла, гардиши савдои хориҷӣ байни ду кишвар марҳила ба марҳила тавсеа ёфта, дар соли 2021 ба 447,8 миллион доллар баробар гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба солҳои қаблӣ ба маротиб рушд намудааст.
Дар охири вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам тақвият додани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ иброз намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






