ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 июн, ҷумъа, 154-умин рӯзи соли 2022 аст

Июнь 3, 2022 08:00

3 июни соли 2012  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин аз шаҳри Шанхай ба кони металлҳои рангаи ширкати Зи Ҷин, ки дар қуллаи «Кӯҳи тиллоӣ»-и шаҳри Лунян қарор дорад, ташриф оварданд.  Зимни шиносоӣ бо фаъолияти кӯҳканӣ ва заршӯии корхонаҳои истеҳсолии ширкати Зи Ҷин, аз ҷумла, зикр гардид, ки ин ширкат дар бахши истеҳсоли металлҳои ранга дар кишвари Чин мавқеи пешқадамтарин ишғол менамояд.

***

9 сол пеш, 3 июни соли 2013 дар шаҳри Душанбе доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла, масоили вобаста ба ифтитоҳи расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Париж, инчунин вазъи феълии сохтмони манораи назоратию диспетчерӣ ва терминали нави «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ маҷмӯаи тавсияҳои хӯроки нисфирӯзии мактаббачагони Тоҷикистонро дар ҷаҳон беҳтарин эътироф кард.

3 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Намибия — Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ.

 ***

Дар Черногория иди миллӣ — Рӯзи эълон намудани Истиқлолият.

РӮЙДОДҲО:

3 июни соли 1956 дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд канали Дилварзин ба истифода дода шуд.

***

3 июни соли 2010 дар шаҳри Душанбе  ҷаласаи 17-уми Шӯрои  ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози ҷумҳуриҳои узви  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи 25-уми Шӯрои  роҳбарони мақомоти андози кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё  баргузор гардид.

***

8 сол пеш, 3 июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе густариши ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Гурҷистон ва таҳкими равобити Душанбе ва Тифлис дар оянда баррасӣ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1927 дар Юнон Конститутсияи нав қабул карда шуд.

***

3 июни соли 1959 Сингапур Конститутсияи худро қабул намуда, ҷумҳурии худидоракун гардид.

***

3 июни соли 1992 дар Россия Шӯрои амният таъсис дода шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1961 дар пойтахти Австрия- шаҳри Вена аввалин мулоқоти баъдиҳарбии роҳбарони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид.

***

Соли 1928 дар ҷаҳон  аввалин маротиба  дар мағозаҳо фурӯши телевизор  ба роҳ монда шуд ва   савдои он ба таври васеъ  сурат гирифт.  Баъд  аз пайдо шудани нусхаҳои нахустини телевизор олимону муҳандисон дар пайи такмилу ташаккули он пажӯҳишу озмоишҳо анҷом дода,  шакли муосири онро рӯи кор оварданд.

 

Июнь 3, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш