ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 июн, сешанбе, 158-умин рӯзи соли 2022 аст
7 июни соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Ша Тсу Канро, ки барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масоили об ба шаҳри Душанбе ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамгироии Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ дар самту соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, татбиқи ташаббусҳои глобалии кишвари мо оид ба масоили об ва Ҳадафҳои рушди ҳазорсола баррасӣ гардид.
***
10 сол пеш, 7 июни соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти созмони «Саус-Саус Нюс» Франсис Лорензоро ба ҳузур пазируфтанд. Мавзӯи асосии суҳбат бо Президенти созмони «Саус-Саус Нюс» ҳамкорӣ дар татбиқи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола буд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзим, анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд.
7 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Қирғизистон — Рӯзи кормандони молиявӣ ва иқтисодӣ.
***
Дар Норвегия иди умумимиллӣ- Рӯзи истиқлолият.
***
Дар Испания — Рӯзи ҷумҳурӣ.
***
Дар Перу — Рӯзи парчам.
РӮЙДОДҲО:
7 июни соли 2017 дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ Фестивали байналмилалии «Ҷоми латофат-2017» баргузор гардид, ки дар он 18 гурӯҳ аз мамлакатҳои Осиёи Миёна иштирок намуданд.
***
7 июни соли 1692 дар пойтахи Ямайка- Порт-Роял заминҷунбӣ ва вулқон ба амал омад, ки дар натиҷа зиёда аз 3 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
***
310 сол муқаддам, 7 июни соли 1712 ба Пенсилвания ворид намудани ғуломон манъ карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1775 Колонияи Муттаҳида ба Иёлоти Муттаҳида тағйири ном кард.
***
7 июни соли 1903 дар Берлин олими франсуз Кюри оид ба кашфи як унсури нави кимиёвӣ-полония хабар дода буд.
***
7 июни соли 1924 ҳавопаймои Фаронса аввалин маротиба дар ҷаҳон интиқоли аспҳоро анҷом дод.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1919 дар Ню-Йорк аввалин маротиба барои гирифтани ҳуҷҷати ронандагӣ санҷиши хаттӣ гузаронида шуд.
***
Соли 1965 ширкати SONY аввалин видеомагнитофони хонагиро пешниҳод кард, ки он 20 кг вазн ва 1000 доллари америкоӣ нарх дошт.