ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 июн, чоршанбе, 159-умин рӯзи соли 2022 аст

Июнь 8, 2022 08:00

8 июни соли 2011 ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти Австрия-шаҳри Вена дар Форуми байналмилалии иқтисодӣ иштирок намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон Расадхонаи байналмилалии астрономии «Санглох»-и Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавзеи Санглохи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ифтитоҳ намуданд. Мавриди зикр аст, ки Расадхонаи  мазкур  аз лиҳози диди оптикӣ ва иқлими астрономӣ дар ҷаҳон беҳтарин аст.

8 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи байналмилалии уқёнус.

***

Дар Русия —  Рӯзи кормандони ҷамъиятӣ.

РӮЙДОДҲО:

8 июни соли 2011 дар шаҳри Вена-пойтахти Австрия миёни Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Австрия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

***

8 июни соли 1784 дар  Каролинаи Ҷанубӣ  аввалин маротиба дар шимоли Америка ҳодисаи ҳалокати одамон дар натиҷаи боридани жола ба қайд гирифта шуд.

***

207 сол муқаддам, 8 июни соли 1815 Полша ба Русия ҳамроҳ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1824 Ноу Кашн барои ихтирои мошинаи ҷамашӯӣ патент ба даст овард.

***

16 сол пеш, 8 июни соли 2006 ширкати Microsoft санҷиши тестии WindowsVista-ро роҳандозӣ кард.

***

8 июни соли 2017 дар Остона ҷаласаи Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар он Дабири кулли СММ Антониу Гутерреш ширкат намуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1928 аввалин ҳавопаймо аз Иёлоти Муттаҳидаи Америка ба Австралия парвоз кард.

***

Соли 1940 унсури 93-юми ҷадвали элементҳои даврии химиявии Менделеев «Нептуний» кашф шуд.

Июнь 8, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 феврал, якшанбе, 54-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 феврал, шанбе, 53-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 феврал, ҷумъа, 52-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, панҷшанбе, 51-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 феврал, чоршанбе, 50-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 феврал, сешанбе, 49-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 феврал, душанбе, 48-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 феврал, якшанбе, 47-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 феврал, шанбе, 46-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 феврал, ҷумъа, 45-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 феврал, панҷшанбе, 44-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 феврал, чоршанбе, 43-юмин рӯзи соли 2025 аст