ТАВАҶҶУҲ! Аз 14 июн Русия тамоми маҳдудиятҳои COVID-19 –ро барои вуруди хориҷиён тавассути ҳавопаймо лағв мекунад

Июнь 6, 2022 11:14

ДУШАНБЕ, 06.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Русия аз 14 июн тамоми маҳдудиятҳои эпидемиологиро барои  хориҷиёне, ки тавассути ҳаво ва баҳр ба ин кишвар ворид мешаванд, лағв мекунад. АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, ки дар ин бора рӯзи ҷумъа,  дар ситоди фаврӣ оид ба мубориза бо сирояти коронавирус ба рӯзноманигорон иттилоъ доданд.

«Аъзои ситоди таъҷилӣ дар натиҷаи муҳокима ба  қарор омаданд, ки аз 14 июни соли 2022 маҳдудиятҳои эпидемиологӣ барои вуруди шаҳрвандони хориҷие, ки тавассути ҳаво ва инчунин тариқи гузаргоҳҳои баҳрӣ вориди Русия мешаванд, лағв карда шаванд», — омадааст дар хабар.

Илова бар ин, ситоди фаврӣ тасмим гирифт, ки аз 14 июн алоқаи роҳи оҳанро дар хатсайрҳои Тошканд — Самара ва Тошканд — Волгоград ҳафтае як маротиба дар ҳар як масир барқарор кунад. Маҳдудиятҳо барои вуруди шаҳрвандон Узбекистон ба Русия тавассути роҳи оҳан лағв мешаванд.

ФОТО: Roland Weihrauch/globallookpress.com

Июнь 6, 2022 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд