Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ оид ба савдоро раисӣ кард
ДУШАНБЕ, 15.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 июн дар ҳошияи Конфронси 12-уми вазирони Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ҷаласаи пайгирикунандаи Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба савдо баргузор гардид, ки онро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода раисӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиш намояндагони кишварҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон, инчунин намояндагон аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария иштирок намуданд.
А. Абдураҳмонзода вобаста ба рафти татбиқи ҳадафҳои Стратегияи СПЕКА оид ба содагардонии расмиёти савдо, ташаббусҳои нав оид ба стандартизатсия ва рақамикунонии маълумот дар соҳаҳои савдову нақлиёт ва табодули ҳуҷҷатҳо, кӯшишҳо барои ба даст овардани савдои устувор дар зерминтақаи СПЕКА ва таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди шомилшавӣ ба СУС маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Тазаккур дода шуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар дар самти содагардонии расмиёти савдо як қатор корҳои назаррас амалӣ гардидаанд. Аз ҷумла, Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо таъсис дода шуда, Портали савдои Тоҷикистон ва низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расман мавриди истифода қарор дошта, инчунин якчанд ҳуҷҷатҳои стратегии марбут ба савдо қабул гардидаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии СПЕКА ва тақвияти ҳамгироии тиҷоратии минтақавӣ мусоидат менамояд.
Мавриди зикр аст , ки Тоҷикистон раисии Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба савдоро ба уҳда дорад ва ҷаласаҳои он ҳамасола дар чаҳорчӯбаи чорабиниҳои СПЕКА дар яке аз кишварҳои минтақа баргузор мегардад.
Дар охири чорабинӣ аз ҷониби Раиси гурӯҳи корӣ А. Абдураҳмонзода ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи савдо байни кишварҳои манфиатдор тавсияҳои мушаххас пешниҳод карда шуд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






