Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар бахшҳои илму фанноварӣ баррасӣ карданд

Июнь 30, 2022 08:15

ДУШАНБЕ, 30.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 июн дар Лиссабон дар ҳошияи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус ҳайати Тоҷикистон бо Вазири давлатии Вазорати замин, илм ва технологияи Ҳиндустон Ҷитендра Сингҳ мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар бахшҳои илму фанноварӣ, бахусус технологияҳои идоракунии обии илман асосёфта ва таваҷҷуҳ ба соҳаи энергетика, лоиҳаи «CASA-100», ҳифзи пиряхҳо ва тадбирҳои мубориза бо пандемияи COVID-19 баррасӣ карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати Тоҷикистон аз 27 июн то 1 июл бо роҳбарии Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа, муовини Вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода ва Раиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал Султон Раҳимзода дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус ва дигар ҳамоишҳо оид ба масъалҳои об иштирок доранд.

Акс: ВКХ ҶТ

Июнь 30, 2022 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд