Тоҷикистон ва СММ «Чаҳорчӯби ҳамкорӣ оид ба рушди устувор 2023-2026»-ро ба имзо расониданд

Июнь 7, 2022 19:01

ДУШАНБЕ, 07.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» саҳми СММ-ро дар ҳалли мушкилоти рӯзафзуни ҷаҳонӣ,  махсусан дар масъалаҳои марбут ба мудирияти муассири об истиқбол менамояд.

Дар ин радиф, ниҳодҳои СММ худро ҳамчун шарики устувор дар пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об ва суръат бахшидан ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор собит кардаанд.


Дар идома Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ҳамоҳангсози кишварии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноғлу «Чаҳорчӯби ҳамкорӣ оид ба рушди устувор 2023-2026»-ро ба имзо расониданд.

Чаҳорчӯби ҳамкорӣ дорои авлавиятҳои стратегии ҷаҳонӣ, аз ҷумла  Ҳадафҳои Рушди Устувор буда, он баҳри татбиқи ҳадафҳои миллӣ мусоидат мекунад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 7, 2022 19:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд