Тоҷикистону Фаронса масъалаҳои амнияти минтақавӣ, обу энергетикаро баррасӣ намуданд

Июнь 8, 2022 13:22

ДУШАНБЕ, 08.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 7 июн Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии Фаронса-Осиёи Марказии Сенати он кишвар таҳти роҳбарии Эрве Морей мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохурӣ доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла самтҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса, амнияти минтақавӣ, обу энергетика ва дигар масъалаҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати Гурӯҳи дӯстии Фаронса-Осиёи Марказии Сенат дар  Тоҷикистон барои иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар Душанбе қарор доранд.

Акс: ВКХ ҶТ

Июнь 8, 2022 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»