Туркия тасмим гирифтааст, ки намояндагии бонкҳои тиҷоратиашро дар Тоҷикистон ифтитоҳ намояд
ДУШАНБЕ, 30.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Туркия хостори ифтитоҳи намояндагии бонкҳои тиҷоратиаш дар Тоҷикистон гардидааст. Ин ва дигар масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории бонкӣ дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва Сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҳоким Холиқзода Сафири Туркияро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии кишвар шинос намуда, масъалаҳои протоколи ҷаласаи ёздаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки таҳкими равобитро дар соҳаи бонкдории ду кишвар бо мақсади рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар бар мегирифт, мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Дар мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар низоми бонкии ду кишвар, бахусус бонкҳои марказӣ (миллӣ), табодули таҷрибаи мутахассисони бонкҳои ду давлат, тақвияти ҳамкорӣ байни бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия ба василаи кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ, инчунин ҳамкорӣ дар бахши бонкдории исломӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.


Мусоҳибон роҷеъ ба имкони ифтитоҳи намояндагии бонкҳои тиҷоратии Туркия дар Тоҷикистон табодули афкор намуданд.
Дипломати турк Эмре Зеки Карагёл аз таваҷҷуҳи Бонки миллии Тоҷикистон ва хоҳиши тавсеа бахшидани ҳамкорӣ дар низоми бонкии ду кишвар истиқбол намуда, ҳамзамон тавсеаи ҳамкориро дар соҳаҳои тиҷорату сайёҳӣ дар муносиботи иқтисодии Тоҷикистону Туркия муҳим арзёбӣ кард.
Инчунин ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои тақвияти ҳамкории самараноки минбаъда ва идомаи мулоқоту муколамаҳо дар доираи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар ростои рушди низоми бонкии кишвар изҳор намуданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад






