Ҳунарманди тоҷик Ҳотам Салимов барои нақши бобои Қоқу сазовори «Диплом»-и номинаи «Беҳтарин кори актёрӣ» гардид

Июнь 7, 2022 10:12

ДУШАНБЕ, 07.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ҳунарманди Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе Ҳотам Салимов  дар Фестивали дуюми байналмилалии театрҳои лӯхтак таҳти унвони «Чорсӯ» (Перекрёсток) барои нақши бобои Қоқу дар намоиши «Гули қоқу»   сазовори  «Диплом» -и    номинаи «Беҳтарин кори актёрӣ» гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Фестивали дуюми байналмилалии театрҳои лӯхтак таҳти унвони «Чорсӯ» (Перекрёсток) дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аз 1 то 5 июн баргузор гардид.

Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фестивали мазкур намоиши «Гули қоқу» («Одуванчик»)-ро манзури тамошобинон намуд.

Ин спектакл, ки маҳбуби кӯдакони Тоҷикистон шуда, ба фестивал пешкаш гардид, афсонаест дар бораи некӣ ва муҳаббат ба наздикон.

Гули қоқуи хурдакак, ки дар марғзори ҷангал мерӯяд ва имкони ҳаракат кардан надорад, илоҷе карда, ба ҳама эҳтиёҷмандон некӣ мекунад. Вай хурд аст, аммо дили бузургу меҳрубон дорад. Дар паҳлӯи ӯ бобои кӯҳансол — Қоқу мерӯяд, ки ҳамеша аз ҳама чиз норизо аст. Аммо дар фарҷом, корҳои нек ва сурудҳои Гули қоқу, инчунин ҳама чизе ки дар атрофи ӯ рух медиҳанд, бобои Қоқуро тағйир медиҳанд.

Муаллифи намоиши «Гули қоқу» Маҳинбону Гасанова ва  коргардони таҳиягар Мунира Зоирова мебошанд ва он  бо забони русӣ омода гардидааст.

Роҳбари бадеии Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе Наргис Розиқзода иброз дошт, ки «Ҳунарпешагони театри мо дар радифи дувоздаҳ кишвари ҷаҳон  санъати бостонии лӯхтакбозии мардуми тоҷикро дар ин фестивали байналмилалӣ муаррифӣ намуда, намоиши «Гули қоқу» -ро пешниҳод карданд, ки  писанди тамошобинон ва аъзои ҳакамон гардид».

Дар фестивали мазкур ҳунарпешагони театрҳои Федератсияи Русия, аз ҷумла актёрони театрҳои лӯхтаки шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Перм, Барнаул, Ҷумҳурии Халқии Донетск, шаҳри Витебски Ҷумҳурии Беларус ва шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон намоиши худро манзури тамошобинони сершумор намуданд.

 АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 7, 2022 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад