Ҳайати Тоҷикистон дар мизи мудаввари мудирони Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дар Миср иштирок намуд

Июнь 6, 2022 09:44

ДУШАНБЕ, 06.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 4 июни соли равон дар шаҳри Шарм-эл-Шейхи Ҷумҳурии Арабии Миср мизи мудаввари мудирони Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) зери мавзӯи «Баъди барқароршавӣ: тобоварӣ ва устуворӣ» (Beyond recovery: resilience and sustainability) баргузор гардид, ки дар он ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода иштирок дошт, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат.

Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода дар мизи мудаввар аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Гурӯҳи БИР ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср барои ҳамкорӣ миннатдорӣ баён намуда, зикр кард кард, ки тибқи рӯнамои пешниҳоднамудаи Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) таҳти таъсири буҳронҳои глобалию минтақавӣ паёмади манфии аз ҳама бештар ба кишварҳои камдаромад эҳсос мегардад ва ин  кишварҳо барои амалӣ намудани тадбирҳои зиддибуҳронӣ нисбат ба  дигар кишварҳо имкониятҳои маҳдуди молиявӣ доранд.

Бинобар ин Завқӣ Завқизода пешниҳод намуд, ки Гурӯҳи БИР фишанги вокуниш ба буҳронҳоро (crisis response window) барои тадбирҳои зиддибуҳронии кишварҳо-аъзои камдаромад бо пешниҳоди маблағҳои имтиёзнок таъсис диҳад.

Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд посух дод, ки қисман як қатор кумакҳои зиддибуҳронӣ пешниҳод мегардад ва иловатан чунин намуд фишанги зиддибуҳрониро барои кишварҳои камдаромад таъсис хоҳанд дод.

Мудирони баъзе кишварҳои дигар низ дар ин чорабинӣ суханронӣ намуда, таклифу  пешниҳодҳои муфид намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Июнь 6, 2022 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид