Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир аз корхонаҳои саноатии ноҳияи Шуғнон дидан намуд

Июнь 29, 2022 10:00

ДУШАНБЕ, 29.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 июн Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ва Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ба ноҳияи Шуғнон сафари корӣ анҷом дода, аз корхонаҳои хурди саноатӣ боздид намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хабар доданд.

Зимни шиносоӣ бо фаъолият ва раванди таълим дар Литсейи касбии техникии ноҳияи Шуғнон Шералӣ Кабир масъулини муассисаро барои омода намудани мутахассисони соҳаҳои гуногуни хизматрасонӣ, пеш аз ҳама омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнати кишвар ҷавобгӯ даъват намуд.

Ҳамзамон Раиси ВМКБ ва Вазири саноат ва технологияҳои нав аз утоқҳои бо таҷҳизоти дӯзандагӣ муҷаҳазгардида дидан намуда, ба масъулини муассиса барои ташкил намудани дӯхти либоси мактабӣ дар заминаи Литсейи касбии техникии ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Номбурдагон ҳамзамон зимни сафари корӣ бо фаъолияти  коргоҳи коркади тут бо номи  «Тути Помир» дар ҷамоати деҳоти Сучон  шиносоӣ пайдо карданд.

Вазири саноат ва технологияҳои нав  ҷиҳати баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии корхона ва содирот намудани  он  ба хориҷи кишвар ба масъулини корхона тавсияҳои муфид дод.

 

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон

 

Июнь 29, 2022 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад