Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир аз корхонаҳои саноатии ноҳияи Шуғнон дидан намуд
ДУШАНБЕ, 29.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 июн Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ва Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ба ноҳияи Шуғнон сафари корӣ анҷом дода, аз корхонаҳои хурди саноатӣ боздид намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хабар доданд.
Зимни шиносоӣ бо фаъолият ва раванди таълим дар Литсейи касбии техникии ноҳияи Шуғнон Шералӣ Кабир масъулини муассисаро барои омода намудани мутахассисони соҳаҳои гуногуни хизматрасонӣ, пеш аз ҳама омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнати кишвар ҷавобгӯ даъват намуд.
Ҳамзамон Раиси ВМКБ ва Вазири саноат ва технологияҳои нав аз утоқҳои бо таҷҳизоти дӯзандагӣ муҷаҳазгардида дидан намуда, ба масъулини муассиса барои ташкил намудани дӯхти либоси мактабӣ дар заминаи Литсейи касбии техникии ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Номбурдагон ҳамзамон зимни сафари корӣ бо фаъолияти коргоҳи коркади тут бо номи «Тути Помир» дар ҷамоати деҳоти Сучон шиносоӣ пайдо карданд.
Вазири саноат ва технологияҳои нав ҷиҳати баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии корхона ва содирот намудани он ба хориҷи кишвар ба масъулини корхона тавсияҳои муфид дод.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон








Дар Бонки миллии Тоҷикистон тағйироти охирин дар Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ баррасӣ гардид
«Somon Air» ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 дастрас менамояд
Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оғоз гардид
Намояндагони Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов нақшаи кишти чигит зиёда аз 86 фоиз иҷро гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо нашъунамои чигити зери плёнка дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ёвон шинос шуд
Душанбе моҳи август мизбони «Food industry Forum of Tajikistan-2026» мегардад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми умумиҷаҳонии шаҳрҳо дар Боку иштирок намуданд
Ҳаҷми умумии ҳамлу нақл байни Тоҷикистон ва Қазоқистон 5,8 фоиз афзудааст
ТАВАҶҶУҲ! Интиқоли одии маблағ байни аъзои оила, дӯстон, наздикон ва дигар шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ намегардад!
Дар ҶДММ «Саноати Ашт» хатҳои нави истеҳсолӣ васлу насб гардиданд
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ХОҶАГИДОР. Дар Тоҷикистон беш аз 52 ҳазор хоҷагии деҳқониро занон роҳбарӣ менамоянд






