Вазорати корҳои хориҷии Олмон: Толибон* Афғонистонро ба шикаст мебаранд

Июнь 9, 2022 13:34

ДУШАНБЕ, 09.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Олмон Анналена Бербок, аз вазъи Афғонистон изҳори нигаронии ҷиддӣ кард. Вай таваҷҷуҳро ба бӯҳрони башардӯстона ва иқтисодӣ ҷалб карда, изҳор дошт, ки Толибон* кишварро ба суқути он бурда истодаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи Афганистан.ру хабар медиҳад.

«Духтарон аз ҳуқуқи таҳсил маҳруманд. Занонро аз иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ қариб дар канор мондаанд. Овозҳои мухолиф берахмона пахш карда мешаванд. Иқтисод дар ҳоли таваққуф аст», гуфт Бербок дар пайи мулоқот бо ҳамтои покистониаш Билавал Бҳутто Зардорӣ.

Вазир таъкид кард, ки Олмон то даме, ки шароити «даҳшатнок» дар Афғонистон боқӣ мемонад, ҳукумати Толибонро эътироф нахоҳад кард.

Вай аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, то ба Толибон фишор оваранд, то вазъ дар кишварро тағйир диҳанд.

Вазири корҳои хориҷӣ афзуд, Берлин дар идомаи кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон ва дастгирии шаҳрвандоне, ки мехоҳанд Афғонистонро тарк кунанд, мадад хоҳад кард.

Вай ба Исломобод барои кумак дар интиқоли паноҳҷӯёни афғон ба Олмон изҳори сипос кард. Ба гуфтаи вай, тайи чанд моҳи ахир 14 ҳазор афғон вориди кишвар шудааст.

Қаблан вазорати хориҷаи Олмон гуфта буд, ки ҳар ҳафта ҳудуди 200 паноҳандаи афғон аз Покистон ба Олмон меоянд.

________________________

*Толибон – ҳаракати ифротии мамнуъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо

  АКС: Andreas Gora — Pool/Getty Images

Июнь 9, 2022 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд