15 нафар занону духтарони хонанишини Лахш ба омӯзиши касби қолинбофии дастӣ ҷалб гардиданд
ЛАХШ, 27.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Лахш ярмаркаи ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид, ки дар он 23 ташкилоту муассиса ва корхонаҳои ноҳия иштирок намуда, ба шаҳрвандони бекор 83 ҷойи кор пешниҳод намуданд. Зимни ҷараёни ярмарка 6 нафар роҳхат гирифта, 4 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд. Инчунин 15 нафар занону духтарони хонанишин барои аз худ намудани касби қолинбофии дастӣ ҷалб гардида, 19 нафар ба шуғлҳои гуногун сафарбар гардиданд.
Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ярмаркаи ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озод бо ташаббуси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Лахш ҷиҳати иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баён гардидаанд ва татбиқи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022» гузаронида шуд.
Мақсади асосии баргузор намудани ярмаркаи ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озод фароҳам овардани шароити мусоид барои корхонаю ташкилот ва муассисаҳои ноҳия ҷиҳати дарёфт намудани мутахассисони ҷавону фаъол, таъмин намудани сокинон бо ҷойи кор ва ба касбомӯзӣ сафарбар намудани шаҳрвандони бешуғл мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш








Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд






