21 июл Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Агентии «Тоҷикстандарт», КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Июль 20, 2022 13:09

ДУШАНБЕ, 20.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 июл Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии  «Тоҷиксуғурта», мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои И.Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе оид ба  ҷамъбасти фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2022 нишасти матбуотӣ доир менамоянд.

Нишасти матбуотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон соати 09:00 дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон баргузор мешавад.

КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотиро соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ (кӯчаи Теҳрон, 21, ошёнаи 2) доир менамояд.

Агентии «Тоҷикстандарт» соати 11:00 дар Агентии мазкур нишасти матбуотӣ барпо менамояд.

Нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И.Сомонӣ соати 09:00 ва Сино соати 14:00 дар бинои ҳукуматҳои ноҳияҳо доир мешаванд.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории  нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои 238-52-23, 888-08-34-04 мувофиқа намоянд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj  ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки  нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011  доир карда мешаванд.

Июль 20, 2022 13:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад