29 июл Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 28.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 29 июл Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Нишасти матбуотии Академияи миллии илмҳо соати 08:30 дар Академияи миллии илмҳо баргузор мешавад.
КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» нишасти матбуотиро соати 10:30 дар корхонаи мазкур барпо менамояд.
Нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш соати 15:00 дар Кумитаи мазкур (кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо 3, собиқ бинои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) доир мешавад.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои 238-52-23, 888-08-34-04 мувофиқа намоянд.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 доир карда мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






