Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии Тошканд оид ба Афғонистон иштирок дорад

Июль 26, 2022 11:25

ДУШАНБЕ, 26.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон, ки ба он, аз ҷумла муовини Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ шомил мебошанд, дар кори Конфронси байналмилалӣ оид ба Афғонистон дар Тошканд иштирок дорад, хабар доданд имрӯз ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Конфронси байналмилалии Тошканд дар мавзӯи «Афғонистон: амният ва рушди иқтисодӣ» 25-26 июл дар пойтахти Узбекистон баргузор мешавад. Ташаббускорони конфронс Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон ва Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мебошанд.

Дар конфронс зиёда аз 100 нафар ширкаткунандагон аз беш аз 20 кишвари ҷаҳон, инчунин сохторҳои бонуфузи байналмилалӣ – СММ, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ, Иттиҳоди Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ҷамъ меоянд.

Дар он, аз ҷумла, имконоти ба даст овардани тавофуқҳо дар бораи иҷрои шартҳои асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ – таъсиси ҳукумати фарогир, таъмини ҳуқуқи занон ва ақаллияти миллӣ, ба духтарони афғон додани иҷозат барои гирифтани маълумоти пурраи мактабӣ баррасӣ карда мешаванд.

Тавре АМИТ «Ховар» хабар дод, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин меҳисобанд, ки ҳаракати «Толибон»*  барои мутмаин сохтани ҷомеаи ҷаҳонӣ ба қонунияти қудрати худ дар Афғонистон ягон тадбир наандешид. Сарвари давлат дар ин бора 21 июл зимни Вохӯрии IV машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Чолпон-Ота (Қирғизистон) баргузор шуд, изҳор доштанд.

«Тайи муддати гузашта роҳбарияти ҳаракати «Толибон»* барои бовар кунонидани ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аҳолии Афғонистон ба қонунияти қудрати худ, қобилияти назорат кардани вазъ дар кишвар, таъмини амнияти шаҳрвандони худ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии ба миёномада тадбирҳои воқеӣ наандешиданд»,- иброз доштанд Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Тоҷикистон илова намуданд, ки бар хилофи ваъдаву изҳорот роҳбарияти «Толибон»* бо ҳар роҳу имкон ба таъсиси ҳукумати фарогир бо ширкати густурдаи тамоми неруҳои сиёсӣ ва қавмӣ монеъ мешавад.

_________________

*Ҳаракати террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигар

АКС: АИ «Дунё»

Июль 26, 2022 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Нахустин Сафири Тоҷикистон дар Салтанати Умон ба Султони Умон эътимоднома супорид
Дар Париж 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд
Дар Ашқобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Агентии давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқот намуд
Дастовардҳои 35 соли Истиқлолияти Тоҷикистон дар маҷаллаи «Оvo diplomatic»-и Эрон ба нашр расид
Дар Вашингтон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Токио 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Вена ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ доир шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия чорабинии тантанавӣ доир шуд
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Умон дар соҳаи меҳнат баррасӣ шуданд
Аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад
Сафири Тоҷикистон ба Амири Кувайт эътимоднома супорид