Қазоқистон ва Тоҷикистон созишнома доир ба пешниҳоди хизмати алоқаи кайҳонӣ ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 19.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти саҳомии «Маркази ҷумҳуриявии алоқаи кайҳонӣ» (МҶАК)-и Кумитаи аэрокайҳонии Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати аэрокайҳонии Қазоқистон ва ҶДММ «Исател» (оператори алоқа дар Тоҷикистон) барои хизматрасонӣ оид ба пешниҳоди иқтидори транспондерии дастгоҳи кайҳонии «Кazsat-3» созишнома ба имзо расониданд. Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», дар ин бора АБИ «Казинформ» бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати рушди рақамӣ ва саноати аэрокайҳонии Ҷумҳурии Қазоқистон хабар медиҳад.
Тибқи ин санад, тавассути захираҳои моҳвораи алоқаи Қазоқистон дар Тоҷикистон барои минтақаҳои душворгузари кишвар шабакаҳои иртиботӣ ташкил карда мешаванд. Созишномаро муовини раиси Кумитаи ҶС «МҶАК» Василий Леонов ва директори ҶДММ «Исател» Умед Тағоев имзо карданд (ДАР АКС).
Ширкати «Исател» корхонаи фаръии ҶСК «Телерадиоком» ва оператори алоқа дар ҳудуди Тоҷикистон мебошад. Он дар шаҳри Душанбе истгоҳи телепортӣ ва шабакавии худро дорад, ки дастрасӣ ба интернетро ҳам барои муассисаҳои давлатӣ ва ҳам ширкатҳои хусусӣ фароҳам меорад. Технологияҳои навтарин, ки дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон бомуваффақият санҷида шудаанд, ҳоло дастраси муштариёни «Исател» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
АКС: АБИ «Казинформ» / АМИТ «Ховар»








Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Сибир мулоқот намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо муовини губернатори вилояти Курган мулоқот намуд
Дар Миср китоби «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» муаррифӣ гардид
Масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург вохӯрии намояндаи бахши тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Осимаи Кувайт вохӯрӣ намуд






