Қазоқистон ва Тоҷикистон созишнома доир ба пешниҳоди хизмати алоқаи кайҳонӣ ба имзо расониданд

Июль 19, 2022 10:14

ДУШАНБЕ, 19.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти саҳомии «Маркази ҷумҳуриявии алоқаи кайҳонӣ» (МҶАК)-и Кумитаи аэрокайҳонии Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати аэрокайҳонии  Қазоқистон ва ҶДММ «Исател» (оператори алоқа дар Тоҷикистон) барои хизматрасонӣ оид ба пешниҳоди иқтидори транспондерии дастгоҳи кайҳонии «Кazsat-3» созишнома ба имзо расониданд. Тибқи  иттилои АМИТ «Ховар», дар ин бора АБИ «Казинформ» бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати рушди рақамӣ ва саноати аэрокайҳонии Ҷумҳурии Қазоқистон хабар медиҳад.

Тибқи ин санад, тавассути захираҳои моҳвораи алоқаи Қазоқистон дар Тоҷикистон барои минтақаҳои душворгузари кишвар шабакаҳои иртиботӣ ташкил карда мешаванд. Созишномаро муовини раиси Кумитаи ҶС «МҶАК» Василий Леонов ва директори ҶДММ «Исател» Умед Тағоев имзо карданд (ДАР АКС).

Ширкати «Исател» корхонаи фаръии ҶСК «Телерадиоком» ва оператори алоқа дар ҳудуди Тоҷикистон мебошад. Он дар шаҳри Душанбе истгоҳи телепортӣ ва шабакавии худро дорад, ки дастрасӣ ба интернетро ҳам барои муассисаҳои давлатӣ ва ҳам ширкатҳои хусусӣ фароҳам меорад. Технологияҳои навтарин, ки дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон бомуваффақият санҷида шудаанд, ҳоло дастраси муштариёни «Исател» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

АКС: АБИ «Казинформ» / АМИТ «Ховар»

Июль 19, 2022 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Хуттали Қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбарияти Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор гашт
Дар Душанбе тавофуқоти ҳосилшуда зимни нахустин Саммити Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Дар Остона намоиши молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии Тоҷикистон баргузор мегардад
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Токио машваратҳои сиёсии байниидоравии Тоҷикистон ва Ҷопон баргузор гардиданд
Дар Теҳрон масъалаҳои консулӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуданд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳафтумин Иҷлосияи махсуси мавзуӣ оид ба об ва офатҳои табиӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО иштирок дорад
Фаррух Шарифзода бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд