БА ИФТИХОРИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Оқмамади ноҳияи Шуғнон бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор дода шуд

Июль 31, 2022 09:57

ДУШАНБЕ, 31.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Оқмамади Ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон дар  вазъияти тантанавӣ бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон.

Зимни ифтитоҳи он Раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода ва сокинону кормандони соҳаи тандурустӣ иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки ин муассисаи тиббии замонавӣ баҳри ба меъёр мутобиқ намудани хизматрасонии тиббӣ дар деҳот, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ ва солимии аҳолии деҳот бунёд шудааст.

Бунгоҳи тиббии навбунёд аз ҳуҷраҳои хизмати тибби оилавӣ бо фарогирии ташхису табобатӣ иборат аст.

Ҳамзамон бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва таҳкими заминаи моддӣ–техникии муассисаҳои тиббӣ дар деҳаи Вабисти Ҷамоати деҳоти Навобод аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон бунгоҳи нави саломатӣ бунёд гардида истодааст.


Дар сохтмони бунгоҳи тиббӣ сокинони деҳа саҳми арзанда гузошта, масолеҳи сохтмонӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ноҳия ҷудо шудааст.

Бунгоҳи саломатӣ пас аз мавриди истифода қарор гирифтан бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин карда шуда, барои деҳаи Вабист, ки зиёда 460 нафар аҳолӣ дар он сукунат доранд, хизмат мерасонад.

Раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода зимни сафари корӣ дар Ҷамоати деҳоти Навобод аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур дидан намуда, зимни суҳбат масъулинро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ вазифадор кард ва таъкид дошт, ки бинои мазкур бояд мутобиқ ба меъёрҳои шаҳрсозӣ сохта шавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон

Июль 31, 2022 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид