БА ИФТИХОРИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Оқмамади ноҳияи Шуғнон бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор дода шуд
ДУШАНБЕ, 31.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Оқмамади Ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон дар вазъияти тантанавӣ бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон.
Зимни ифтитоҳи он Раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода ва сокинону кормандони соҳаи тандурустӣ иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки ин муассисаи тиббии замонавӣ баҳри ба меъёр мутобиқ намудани хизматрасонии тиббӣ дар деҳот, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ ва солимии аҳолии деҳот бунёд шудааст.
Бунгоҳи тиббии навбунёд аз ҳуҷраҳои хизмати тибби оилавӣ бо фарогирии ташхису табобатӣ иборат аст.
Ҳамзамон бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва таҳкими заминаи моддӣ–техникии муассисаҳои тиббӣ дар деҳаи Вабисти Ҷамоати деҳоти Навобод аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон бунгоҳи нави саломатӣ бунёд гардида истодааст.


Дар сохтмони бунгоҳи тиббӣ сокинони деҳа саҳми арзанда гузошта, масолеҳи сохтмонӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ноҳия ҷудо шудааст.
Бунгоҳи саломатӣ пас аз мавриди истифода қарор гирифтан бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин карда шуда, барои деҳаи Вабист, ки зиёда 460 нафар аҳолӣ дар он сукунат доранд, хизмат мерасонад.
Раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода зимни сафари корӣ дар Ҷамоати деҳоти Навобод аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур дидан намуда, зимни суҳбат масъулинро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ вазифадор кард ва таъкид дошт, ки бинои мазкур бояд мутобиқ ба меъёрҳои шаҳрсозӣ сохта шавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд






