Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Шаҳринав 56 иншооти таъйиноти гуногун бунёд мегарданд

Июль 26, 2022 10:12

ШАҲРИНАВ, 26.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шаҳринав ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сохтмони 56 иншоот ба нақша гирифта шудааст,  ки аз ин шумора 1 адад иншооти соҳаи саноат, 15 адад соҳаҳои кишоварзию тандурустӣ ва варзиш, 4 адад биноҳои баландошёна ва дигар иншооти муҳим мебошанд. Ин матлабро  иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.

Тавре дар нишасти матбуотӣ зикр гардид, дар давраи ҳисоботӣ теъдоди умумии корхонаҳои саноатии ноҳияи Шаҳринав ба 22 адад расонида шуд, ки асосан дар самти истеҳсол ва коркарди нӯшокиҳои машруботӣ, маҳсулоти нафтӣ, оҳану маводи сохтмонӣ ва ҳамчунин маҳсулоти хӯрокворӣ ва ширӣ фаъолият намуданд.

Дар шаш моҳи соли равон корхонаҳои саноатии ноҳияи Шаҳринав   ба маблағи  24 миллиону 168 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  5 миллиону 398 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Мувофиқи маълумот, аз 22 корхонаи саноатӣ дар ин давра 16 корхона фаъолияташро мунтазам ба роҳ монда, 6 корхонаи дигар, аз ҷумлаи ҶДММ «Орди Шаҳринав», ҶДММ «Капитал», ҶДММ «Баракати Шаҳринав», ҶДММ «Мурғи Чептура», ҶДММ «Алюмин Сервис» ва ҶДММ «ПАПО Шаҳринав» бо сабабҳои гуногун фаъолият накарданд.

Зимни нишаст зикр шуд, ки кишоварзони ноҳия дар ин давра 7790 тонна ғалла, 1926 тонна меваҳои гуногун ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ намуданд. Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар шаш моҳи соли равон ба 125 миллиону 469 ҳазор сомонӣ баробар гардид. Дар заминаи ҷамъоварии ҳосили ғалла, пиёзи барвақтӣ ва картошкаю дигар сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонию коллективӣ дар майдони 1100 гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд, ки аз ин миқдор 120 гектар шолӣ, 374 гектар лубиёгиҳо, 10 гектар картошка, 200 гектар ҷуворимакка ва 240 гектар сабзавоти гуногун мебошанд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Июль 26, 2022 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд