БА ПЕШВОЗИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Исфара зиёда аз 600 иншоот сохта мешаванд

Июль 19, 2022 09:09

ДУШАНБЕ, 19.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. То 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара сохтмони 607 иншооти истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода хабар дод.

Зикр гардид,  ки барои барқарорсозӣ ва таъмири бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Нурафшон аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 40 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. Барои идомаи корҳои ободонӣ дар ҷамоатҳои Нафтобод, Шӯробу Нурафшон ва Навгил 73 790 сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Ба иттилои раиси шаҳр, ҳамзамон мошинҳои махсуси Раёсати хоҷагии об, Муассисаи давлатии нигоҳдории шоҳроҳи №50, дигар корхонаю ташкилот, инчунин соҳибкорон ба ободкорӣ, корҳои сохтмонӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳо дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Ворух, Чоркӯҳ ва Сурх ҷалб гардиданд.

Сайёҳӣ яке аз самтҳои муҳими шуғли аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасонӣ ва истеҳсолӣ, муаррифии таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ маҳсуб мешавад. Давоми ним сол аз ин мавзеъ 12 676 нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ дидан кардаанд.

Сайёҳон асосан аз осоишгоҳи «Зумрад», мавзеъҳои таърихию фарҳангии «Ҳазрати Шоҳ», «Лангари моҳиён», «Қалъаи Сурх», «Шимурғонбобо», мадрасаи «Абдуллохон», осорхонаи таъриху кишваршиносӣ, осорхонаҳои ба номи А.Атобоев, Лутфулло Бузургзода, Боғи маданӣ-истироҳатии ба номи Сайфиддини Исфарангӣ ва истироҳатгоҳи «Ҷаҳони нав» дидан мекунанд.

Сайёҳон асосан ба сайёҳии тандурустӣ, тиббӣ, пиёдагардӣ, автомобилӣ, саноатӣ, аграрӣ ва саёҳати дучархаронӣ таваҷҷуҳ доранд.

Елена БАТЕНКОВА,
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

Июль 19, 2022 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд