БА ТАҚСИМОТ РОҲ ЁФТЕД! Дар Тоҷикистон натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2022 эълон гардиданд

Июль 20, 2022 13:50

ДУШАНБЕ, 20.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 20 июл натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 эълон карда шуданд. Довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои ИМД муваффақ гардидаву ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд, 25 июл донишҷӯ гардидан ё нагардидани онҳо муайян карда мешавад.

Тавре аз маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, маълумоти муфассал дар бораи натиҷаи имтиҳонсупории ҳар довталаб дар кабинети инфиродиаш ҷойгир карда шуда, инчунин ба телефони мобилии ҳар довталаб, ки рақами он дар варақаи бақайдгириаш дар майдони «Телефони мобилӣ» қайд гардидааст, паёмак (SMS)-и ройгон бо маълумоти мухтасар фиристода шуд.

Тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, довталабоне, ки холи гузаришро аз як ё якчанд субтести қисми А ва (ё) қисми Б ё АБ-9 соҳиб намегарданд, ҳуқуқи иштирок кардан дар тақсимот аз рӯйи ихтисосҳое, ки супоридани ин қисм(ҳо)-ро талаб мекунанд, надоранд.Маълумоти муфассал дар бораи натиҷаҳои дар имтиҳонҳо бадастовардаи ҳар довталаб бо нишон додани хол, бал, бали имтиёзӣ (дар ҳолати ҳуқуқи гирифтани ин имтиёзро доштан), бали коэффитсиент (барои довталабони дахлдор) ва маълумот дар бораи соҳиб шудан ё нашудани довталаб ба холҳои гузариш аз субтестҳои қисми дахлдор – А ё Б, қисм(ҳо)-и В ва (ё) Г.1 ва (ё) Г.2, инчунин роҳ ёфтан ё наёфтани ӯ ба озмуни тақсимот дар кабинети инфиродиаш гузошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар довталаб ҳуқуқи додани аризаи апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои ба имтиҳони ӯ гузошташуда дода шудааст. Маълумоти муфассалро аз сомонаи Марказ дастрас кардан мумкин аст.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 20, 2022 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид