Ба «Тоҷикфилм» таҳияи филми мустанад дар жанри мардумии «мавригихонӣ» пешниҳод гардид
ДУШАНБЕ, 29.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар шаҳри Бухоро Фестивали байналмилалии «Мақом» баргузор мешавад, ки дар он иштироки санъаткорони мақомсарои тоҷик дар назар аст. Дар ин бора зимни мулоқоти Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён бо Сардори Раёсати фарҳанги вилояти Бухоро Юлдош Кенҷаев ва Директори Филармонияи давлатии шаҳри Бухоро Рауф Авезов, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор доштанд, иттилоъ дода шуд.
Маҳмадсаид Шоҳиён доир ба дастовардҳои солҳои охири «Тоҷикфилм», аз қабили наворбардорӣ, таҳияи филмҳои мустанад ва бадеӣ, баргузории рӯзҳои кинои кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аввалин киноҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Қадршиносии ҳунари асил» маълумот дода, оид ба тақвияти ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуд.
Директори Филармонияи давлатии шаҳри Бухоро Рауф Авезов доир ба ташаккули санъати мардуми Бухоро, алалхусус жанри мардумии «Мавригихонӣ» маълумот дода, пешниҳод намуд, ки доир ба оммавигардонии ин жанри санъати асили мардуми тоҷик Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» филми мустанаде омода намояд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: МД «Тоҷикфилм»/АМИТ «Ховар»








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






