Бо ташаббуси Тоҷикистон ва Нидерланд ҷаласаи махсус таҳти унвони «Мутобиқсозии обу иқлим: ду тарафи як танга» доир шуд

Июль 16, 2022 11:24

ДУШАНБЕ, 16.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 июл дар Қароргоҳи СММ дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд дар ҳамкорӣ бо Дафтари СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва «СММ-Об» ҷаласаи махсус таҳти унвони «Мутобиқсозии обу иқлим: ду тарафи як танга» баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷаласаи мазкур таҳти модератории муовини Раиси «СММ-Об» Келли-Эн Нейлор сурат гирифта, дар он Сарвазири ҷазираи Сант-Мартени Шоҳигарии Нидерланд Силверия Ҷейкобс, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа (маҷозӣ), Вазири тиҷорати хориҷӣ ва рушди Нидерланд Лисже Шрайнемахер ва коршиносону роҳбарони ниҳодҳои соҳавӣ суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласа атрофи нақши захираҳои об дар раванди мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим, ноил шудан ба устуворӣ, мушкилоти дастрасии одамон ба оби тоза, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он, обшавии пиряхҳо, ҳифзи муҳити зист, коҳиш додани таъсири омилҳои гуногун дар кишварҳои ҷаҳон табодули андеша сурат гирифт.

Далер Ҷумъа дар бораи саҳми ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи ҳадафҳои байналмилалӣ ва рӯзномаи ҷаҳонии рушд, натиҷаҳои Конфронси Душанбе оид ба масъалаҳои об дар пешбурди кори Конфронси оби СММ дар соли 2023, аҳаммияти пиряхҳо дар ҳифзи захираҳои об ва ташаббуси навбатии Сарвари давлат оид ба эълон намудани 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҷиҳати ҳалли масоили обу иқлим ва идомаи фаъолияти Пешвоёни Эътилоф оид ба об ва иқлим ва дигар абзорҳои байналмилалии соҳавӣ суханронӣ намуд.

Дар ҷаласа муайян намудани мавзӯъҳои интерактивии Конфронси оби СММ ва таҳияи санади Рӯзномаи Даҳсолаи об аз натиҷаи он ҷиҳати мушаххас кардани уҳдадориву саҳми кишварҳои узви СММ дар роҳи ҳалли амалии масоили обу иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ муҳим дониста шуданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Июль 16, 2022 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд