Дар Бадахшон саноатикунонии босуръати вилоят идома дорад
ДУШАНБЕ, 07.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар 5 моҳи соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 10 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ ба истифода дода шуда, сохта ба истифода додани 30 корхона ва коргоҳҳои нави истеҳсолӣ бо 407 ҷойҳои нави корӣ дар назар аст. Ин нукта зимни машварати васеи назди Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят зикр карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ.
Муовини аввали Раиси вилоят Низом Мирзозода зимни суханронии худ зикр кард, ки солҳои охир соҳаи саноати вилоят тамоюли мусбии рушдро нигоҳ дошта, дар баъзе самтҳо суръати афзоиш бамаротиб зиёд таъмин шуда истодааст. Амалишавии Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 барои рушди соҳаи иқтисодию иҷтимоии вилоят муҳим буда, ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина зиёд намудани номгўи маҳсулоти истеҳсолшавандаи маҳаллӣ, ба баланд намудани сатҳи некӯаҳволии вилоят мусодат намуда, маҳсулоти воридотӣ кам хоҳад гардид.
Таъкид гардид, ки ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар панҷ соли оянда дар ҳудуди вилоят таъсиси 92 корхонаи саноатӣ бо теъдоди 1387 ҷойҳои нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. Давоми солҳои 2020-2022 дар вилоят 31 корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ бо теъдоди 317 ҷойи корӣ ба истифода дода шуда, тибқи пешниҳоди раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар соли 2022 бояд 30 корхона ва коргоҳҳои нави истеҳсолӣ бо 407 ҷойҳои нави корӣ сохта ба истифода дода шаванд.


Барои таъмин намудани рушди соҳаи саноат дар минтақаҳои кишвар бо назардошти дастрасӣ ба ашёи хоми ватанӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ дар қитъаи саноатии маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ амалигардонии 5 лоиҳаи сохтмони корхонаҳои саноатӣ бо ташкили қариб 100 ҷойи корӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар 5 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳри Хоруғ 102 фоиз, ноҳияҳои Рӯшон 99, Шуғнон 103,4, Роштқалъа 117,8, Ишкошим 119, Мурғоб 106,5 фоиз, Ванҷ 92,1 ва ноҳияи Дарвоз 52,5 фоизро ташкил дод. Камшавии истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳияи Дарвоз асосан ба корхонаи коркарди тиллои ҶДММ «Шимшо», ки фаъолияти мавсимӣ дошта, дар 5 моҳи соли равон фаъолият надошт, рабт дорад. Дар ҳудуди вилоят ба ҳолати ҳозира 157 корхона ва коргоҳҳо мавҷуд буда, аз онҳо 64 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ ба таври расмӣ ва 93 адад ба тариқи тадқиқот ба қайд гирифта шудаанд. Дар ин муддат аз 64 корхонаи ба таври расмӣ ба қайд гирифташуда, 26 корхона ва коргоҳ фаъолият накарданд.
Раиси вилоят Алишер Мирзонабот зимни таҳлили масъала бобати қарздорӣ ва таъминоти қувваи барқ, фоизи баланди қарзҳои бонкӣ, рақамҳои омории фаъолияти коргоҳу корхонаҳои саноатӣ аз масъулини маълумот гирифта, баҳри ислоҳи камбудиҳо супоришҳои мушаххас дод. Таъкид шуд, ки коргоҳу корхонаҳои аз фаъолият бозмонда бояд дубора ба кор дароварда шаванд.
Ҳамзамон ба раисони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини либоси мактабӣ ва тиббии муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии вилоят супориш дода шуд ва дар зимн гуфта шуд, ки бо мақсади боло бурдани иқтидори истеҳсолии коргоҳу корхонаҳои вилоят тибқи шартномаи тарафайн минбаъд танҳо маҳсулоти истеҳсолнамудаи онҳо харидорӣ карда мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»/Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд






