Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
ДУШАНБЕ, 15.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи декабр дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии саноати ангишти Тоҷикистон баргузор мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин форум нахустин маротиба дар мамлакат доир мегардад.
Ҳадафи баргузории он рушди саноати ангишт, ҷалби сармоя, истифодаи технологияҳои муосир ва баррасии захираҳои ангишти кишвар мебошад.
Тибқи иттилои Раёсати саноати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 9 моҳи соли 2026 дар ҷумҳурӣ аз ҷониби 21 корхона 2,3 миллион тонна ангишт истихроҷ гардидааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 344 ҳазор тонна зиёд буда, 117 фоизро ташкил додааст.
Соҳаи саноати ангишт яке аз самтҳои афзалиятноки саноатикунонии босуръати иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, истифодаи самараноки захираҳои фаровони он метавонад дар муддати кӯтоҳ дар пешрафти соҳаи саноати ҷумҳурӣ нақши сазовор гузорад. Ангишт яке аз манбаъҳои алтернативии энергия буда, дар аксар мавридҳо корхонаҳои саноатӣ дар раванди истеҳсолӣ ангиштро истифода менамоянд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон








Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд






