Дар Балҷувон асари безаволи «Тоҷикон» китоби рӯйимизӣ гардидааст

Июль 31, 2022 10:26

БАЛҶУВОН, 31.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров соли 2023 Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» баргузор карда мешавад. Озмуни мазкур ба  хотири худшиносии миллӣ, огоҳ шудан аз таъриху фарҳанг ва омӯзиши китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров эълон гардидааст.

Сокини ноҳияи Балҷувон Шоҳиддин  Абдуллозода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода гуфт, ки “Президенти  Тоҷикистон бо мақсади дастрасии сокинони мамлакат ба асари мазкур онро нашр ва ба ҳар як оила туҳфа намуданд. Ҳоло дар ҳар хонавода ин асари безавол китоби рӯйимизӣ гардидааст ва онро дастҷамъона мехонанд. Калонсолон мегӯянд, ки дар овони ҷавониашон дастрасӣ ба ин китоб хеле мушкил буд ва барои хонданаш ҳафтаҳову моҳҳо дар навбат меистодаанд. Имрӯз  бо хондани ин китоби таърихӣ тоҷикон аз таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав баҳравар мегарданд”.

Иқдоми навбатии Президенти мамлакат оид ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» ҳамаи қишрҳои ҷомеаро хушнуд намуд. Ҷомеашиносон мегӯянд, ки баргузории озмуни мазкур завқи наврасону ҷавононро барои аз бар кардани ин асари таърихӣ баланд мебардорад.

Асари таърихӣ ва илмию пажӯҳишии «Тоҷикон»-ро ба дигар забонҳо тарҷума кардаанд ва дар аксари донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон онро меомӯзанд. Дар ин китоб дар баробари тоҷикон таърихи дигар миллату халқият, ки бо тоҷикон равобит доштанд, дарҷ гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 доир мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 31, 2022 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад