Дар Балҷувон асари безаволи «Тоҷикон» китоби рӯйимизӣ гардидааст
БАЛҶУВОН, 31.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров соли 2023 Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» баргузор карда мешавад. Озмуни мазкур ба хотири худшиносии миллӣ, огоҳ шудан аз таъриху фарҳанг ва омӯзиши китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров эълон гардидааст.
Сокини ноҳияи Балҷувон Шоҳиддин Абдуллозода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода гуфт, ки “Президенти Тоҷикистон бо мақсади дастрасии сокинони мамлакат ба асари мазкур онро нашр ва ба ҳар як оила туҳфа намуданд. Ҳоло дар ҳар хонавода ин асари безавол китоби рӯйимизӣ гардидааст ва онро дастҷамъона мехонанд. Калонсолон мегӯянд, ки дар овони ҷавониашон дастрасӣ ба ин китоб хеле мушкил буд ва барои хонданаш ҳафтаҳову моҳҳо дар навбат меистодаанд. Имрӯз бо хондани ин китоби таърихӣ тоҷикон аз таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав баҳравар мегарданд”.
Иқдоми навбатии Президенти мамлакат оид ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» ҳамаи қишрҳои ҷомеаро хушнуд намуд. Ҷомеашиносон мегӯянд, ки баргузории озмуни мазкур завқи наврасону ҷавононро барои аз бар кардани ин асари таърихӣ баланд мебардорад.
Асари таърихӣ ва илмию пажӯҳишии «Тоҷикон»-ро ба дигар забонҳо тарҷума кардаанд ва дар аксари донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон онро меомӯзанд. Дар ин китоб дар баробари тоҷикон таърихи дигар миллату халқият, ки бо тоҷикон равобит доштанд, дарҷ гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 доир мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст






