Музокироти нави марзӣ миёни Душанбе ва Бишкек дар қаламрави Тоҷикистон доир мегарданд

Июль 28, 2022 08:28

ДУШАНБЕ, 28.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Қирғизистон барои идомаи ҳалли масъалаҳои марбут ба аломатгузории марзи кишварҳо тавофуқ карданд, ки мулоқоти нав баргузор кунанд. Музокироти навбатӣ ин дафъа дар қаламрави Тоҷикистон сурат мегирад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Тавре хабар дода будем, мулоқоти охирини намояндагони ҳар ду мамлакат ва гурӯҳҳои кории топографӣ рӯзҳои 21-26 июл дар Бодканди Қирғизистон барпо гардид.

Хотиррасон мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 27 июл бо Президенти Қирғизистон Садир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар рафти суҳбат сарони ду давлат муҳиммияти пешбурди минбаъдаи тамоми маҷмӯи муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистонро дар маҷрои ҳусни ҳамҷаворӣ ва созандагӣ таъкид намуданд.

Ин суҳбат дар ҳоле сурат гирифт, ки ҳафтаи гузашта, 21 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Қирғизистон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии машваратии навбатии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқоти дуҷониба анҷом доданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Июль 28, 2022 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Ассотсиатсияи табибони «Avicenna» вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Палатаи муштараки тиҷоратии Швейтсария баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Маркази миллии ҳамкории судии байналмилалии Ироқ мулоқот намуд
Қоҳир Расулзода бо роҳбари Бюрои рушди иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ Космос Завазава мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Дар шаҳри Абу Забӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар Давҳа 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид