Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ихтисосҳои нав роҳандозӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 14.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ихтисосҳои нав, ки дар бозори меҳнат талабот ба он зиёд аст, роҳандозӣ гардид. Аз ҷумла, дар зинаи бакалаврият, шуъбаи рӯзона ихтисосҳои «Иқтисодиёти рақамӣ», «Системаҳои муҳофизатии иттилоот» ва дар зинаи таҳсилоти магистратура ихтисоси «Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисод)» -ро ба рӯйхати ихтисосҳо оид ба пешбурди фаолияти таълимӣ ворид намуд. Дар ин бора муовини якуми ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорат оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов иттилоъ дод.
«Бо ҷорӣ намудани ин ихтисосҳои нав тасмим гирифтем, ки мутахассисони варзидаро дар самти беҳтар гардонидани фазои тиҷорат омода намоем. Зеро бо пешрафти илму техника ҷаҳони иқтисод низ бомаром тағйир меёбад. Аз ин ҷост, ки солҳои охир бо дарназардошти тағйирёбии авзои иқтисодию сиёсии ҷаҳон нақши технологияҳои муосир ва навгониҳои электронию рақамӣ дар идоракунии давлатӣ бештар меафзояд. Технологияҳои навтарин метавонанд самаранокии истеҳсолот ва равандҳои тиҷоратро баланд бардоранд ва баробари ворид шудани технологияҳои нав ба тамоми самтҳо соҳаҳои нави фаъолияти инсон метавонанд тағйир ёбанд», — иброз дошт Саймаҳмуд Саидов.
Дар ҷараёни нишаст тазаккур дода шуд, ки соли равон мувофиқи раддабандии Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷойи ҳафтумро ишғол намуда, ба даҳгонаи мактабҳои олии беҳтарини ҷумҳурӣ шомил гардидааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Вестминстер Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Оид ба дастовардҳои илмии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш доир шуд
«Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030» баррасӣ гардид
Панҷ нуктаи омӯзанда аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо паёми Президенти Тоҷикистон
Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон синфхонаи замонавӣ барои донишҷӯён ба истифода дода шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Муҳаққиқи ҷавони тоҷик Омина Холиқзода дар Чин соҳиби медалҳои тилло ва нуқра гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Имкон»-ро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар назди 12 муассисаи таълимии шаҳри Ваҳдат биною синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода мешаванд






