Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ихтисоси маркетинг дар комплекси агросаноатӣ ба роҳ монда мешавад
ДУШАНБЕ, 20.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ояндаи наздик ба роҳ мондани ихтисосҳои маркетинг дар комплекси агросаноатӣ, экологияи агросаноатӣ (кишоварзӣ) ва якчанд ихтисоси омӯзгорӣ, ба монанди забони русӣ ва тарҷумонӣ, психология ва коргузорӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора Ректори донишгоҳи мазкур Муъмин Шарифзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Зикр карда шуд, ки дар ҳашт факултети донишгоҳ аз рӯи 39 ихтисос мутахассисон омада карда мешаванд ва вобаста ба талаботи бозори меҳнат давоми 5 соли охир 22 ихтисоси нав ҷорӣ гардиданд. Аз ҷумла, ихтисосҳои идораи давлатӣ ва ҳуқуқ, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, математика ва информатика, забони англисӣ, назарияи иқтисодиёт ва логистика ба соли таҳсили 2021-2022 рост меоянд.
Ҷиҳати такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ дар 61 гурӯҳи академӣ бо забони русӣ, 12 гурӯҳи академӣ бо забони англисӣ ва 2 гурӯҳи академӣ бо забони чинӣ машғулият гузаронида мешавад.
Бо мақсади ҳавасмандкунии омӯзгороне, ки дар гурӯҳҳои академии таҳсилашон бо забони англисӣ машғулият мегузаронанд, ба андозаи 20% музди маош баланд бардошта шуд.
Раёсати донишгоҳ раванди корҳои ободонию бунёдкориро вусъат медиҳад. Дар ин замина ҳоло сохтмони бинои нави таълимӣ барои 700 ҷой пурра ба охир расида, бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои мазкур бо лавозимоти муосири таълимӣ ҷиҳозонида мешавад. Корҳо ҷиҳати сохтмони маҷлисгоҳ барои 800 ҷои нишаст дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.
Ҳамзамон раёсати донишгоҳ лоиҳаи бунёди хобгоҳи донишҷӯён ва бинои истиқоматии баландошёна барои омӯзгорону кормандонро ба нақша гирифтааст.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






