Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Шӯрои ҳамоҳангсозии иштирок дар озмуну олимпиадаҳо таъсис меёбад
ДУШАНБЕ, 21.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар соли нави таҳсили 2022-2023 Раёсати Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода тасмим гирифтааст, ки Шӯрои ҳамоҳангсозии иштирок дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ таъсис диҳад ва ба ин васила теъдоди дастаҳои олимпиадавӣ ва озмуниро зиёд намояд. Дар ин бора Ректори Донишкада Ҷило Гулназарзода дирӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон изҳори назар намуд.
Ӯ гуфт, донишкада дар самти омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир кӯшиш намуда, дар оянда роҳандозии ихтисосҳои навро ба нақша гирифтааст.
Зикр гардид, ки Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистонба мутахассисонро аз рӯйи 11 забон ва 31 ихтисос дар зинаи бакалавриат, 5 ихтисос дар зинаи магистратура ва 5 ихтисос дар зинаи докторантура бо касбҳои ба бозори меҳнат рақобатпазир омода менамояд.
Дар айни замон таваҷҷуҳи довталабон бештар ба ихтисоси филологияи тоҷик, забони олмонӣ ва забони англисӣ равона гардидааст.
Сарвари муассиса изҳор дошт, ки яке аз ҳадафҳои меҳварии самти таълим ноил гардидан ба сатҳи баланди азхудкунии дониш мебошад. Натиҷаи даври фаъоли сессияи имтиҳонии тобистона нишон дод, ки сатҳи донишазхудкунӣ 82 фоизро ташкил медиҳад. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли таҳсили 2020-2021 дар Донишкада 10,4 фоиз баландтар аст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ Ховар»








«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд






