Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Шӯрои ҳамоҳангсозии иштирок дар озмуну олимпиадаҳо таъсис меёбад

Июль 21, 2022 12:43

ДУШАНБЕ, 21.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар соли нави таҳсили 2022-2023 Раёсати  Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода тасмим гирифтааст, ки Шӯрои ҳамоҳангсозии иштирок дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ таъсис диҳад ва ба ин  васила теъдоди дастаҳои олимпиадавӣ ва озмуниро зиёд намояд. Дар ин бора Ректори Донишкада  Ҷило Гулназарзода дирӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон изҳори назар намуд.

Ӯ гуфт,  донишкада дар самти омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир кӯшиш намуда,  дар оянда роҳандозии ихтисосҳои навро ба нақша гирифтааст.

Зикр гардид, ки Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистонба  мутахассисонро аз рӯйи 11 забон ва 31 ихтисос дар зинаи бакалавриат, 5 ихтисос дар зинаи магистратура ва 5 ихтисос дар зинаи докторантура бо касбҳои ба бозори меҳнат рақобатпазир омода менамояд.

Дар айни замон таваҷҷуҳи довталабон бештар ба ихтисоси филологияи тоҷик, забони олмонӣ ва забони англисӣ равона гардидааст.

Сарвари  муассиса изҳор дошт, ки яке аз ҳадафҳои меҳварии самти таълим ноил гардидан ба сатҳи баланди азхудкунии дониш мебошад.       Натиҷаи даври фаъоли сессияи имтиҳонии тобистона нишон дод, ки сатҳи донишазхудкунӣ 82 фоизро ташкил медиҳад. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли таҳсили 2020-2021 дар Донишкада  10,4 фоиз баландтар аст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ Ховар»

Июль 21, 2022 12:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Форуми сатҳи баланд оид ба иқтисоди рақамӣ иштирок намуданд
35 хатмкунанда аз шаҳри Душанбе соҳиби аттестатҳои аълои универсалӣ бо медалҳои тилло гардиданд
Аз 1 август барои хонандагони синфи якум давраи шиносоӣ гузаронида мешавад
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент 81 иншооти соҳаи маориф сохта шудааст
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои ҷаҳон татбиқ мегардад?
Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд