Дар Душанбе ҷаласаи 3-юми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ баргузор мегардад

Июль 14, 2022 13:59

ДУШАНБЕ, 14.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. 19-22 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе  ҷаласаи 3-юми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ  баргузор мешавад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ, 20 сентябр дар доираи баргузории ҷаласаи мазкур барпо намудани Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Кувайт дар назар  дошта шудааст.

Ҳамчунин ҳайати Давлати Кувайт 21 сентябр  аз  ҶДММ «Сиёма», ҶСК «Ширкати алюминийи тоҷик», ҶДММ «Артел –Авесто Электроникс» дидан намуда, бо фаъолияти корхонаҳои мазкур аз наздик шинос мешавад.

Дар ин рўз меҳмонон ҳамчунин бо мақсади шиносоии бештар пайдо кардан  бо таъриху фарҳанги халқи тоҷик  аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт 31 марти соли 1995 барқарор шудаанд.

Давлати Кувайт дар қатори нахустин давлатҳои ҷаҳон истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувайт 24 июни соли 2013 дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт расман ифтитоҳ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин маротиба соли 1995 аз  Давлати Кувайт боздиди расмӣ ба амал оварданд. Зимни ин сафарҳо Сарвари давлат бо Амири Давлати Кувайт Шайх Аҳмад ал-Ҳамад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ва дигар шахсони расмӣ мулоқоти судманд анҷом доданд.

Хотиррасон мешавем, ки соли 2017 дар Кувайт ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ баргузор гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 то 28 марти соли 2016 дар  Кувайт намоиши барномаҳои консертӣ, аксҳо, ҳамчунин ярмарка-намоиши маҳсули дасти ҳунармандон ва хӯрокҳои миллиро баргузор намуда буд.

ДАР АКС: Ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию, 18-19 декабри соли 2017, шаҳри ал-Кувайти Давлати Кувайт. Акс аз бойгонӣ

Июль 14, 2022 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд