Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 15.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Аъзои Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 45 масъала, аз ҷумла лоиҳаҳои қарорҳои Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ», «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ», «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ», «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» ва инчунин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Инчунин дар ҷаласаи Шӯро тибқи пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси интихоб ва бозхонд намудани роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ, як қатор судяҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуданд.
Аз натиҷаи баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд
Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст
Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»
Файзалӣ Идизода: «Ассамблеяи парламентии Осиё дар ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ нақши муҳим дорад»
Дар Душанбе ҷаласаи Раёсат/Бюрои Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор гардид






