Дар Душанбе корҳои омодагӣ ба пешвози ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ оғоз ёфтанд
ДУШАНБЕ, 05.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 30 июни соли 2022 Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.
Рустами Эмомалӣ дар қарори мазкур масъулинро муваззаф гардониданд, ки бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ ва бадеӣ таҷлил намудани ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси хештаншиносиву худогоҳии сокинони пойтахт иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи чорабиниҳои мазкурро таъмин намоянд.
Бо мақсади таъмини омодагии ҳамаҷониба барои таҷлили сазовору пуршукӯҳи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тамоми нерую имконияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои мухталиф ва дигар бахшҳои идора, дар маҷмӯъ, аҳли ҷамоати пойтахт ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ва беҳдошти ҳолати экологию тозагии ҳар як шаҳраку маҳалла ва пойтахт сафарбар карда мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд






