Дар Душанбе давраи омӯзишӣ барои кормандони китобхонаҳои шаҳрӣ ҷамъбаст гардид

Июль 28, 2022 09:39

ДУШАНБЕ, 28.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 27 июл дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ» давраи омӯзишии серӯза барои кормандони китобхонаҳои шаҳри Душанбе оид ба муосиргардонии китобхонаҳо чамъбаст гардид. 

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, давраи омӯзишии мазкур бо мақсади баланд бардоштани касбияти кормандони китобхонаҳо, табодули таҷрибаи онҳо дар ин самт, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба муштариён ва ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба дар китобхонаҳо роҳандозӣ карда шуданд.

Дар ҷамъбасти давраи омӯзишӣ муовини сардори Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдувалӣ Абдураҳмонзода, Директори  Муассисаи давлатии «Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ» Абдуқодир Талбаков ва кормандони китобхонаҳои пойтахт иштирок намуданд.

Нахуст иштирокчиён аз намоиши китобҳо, ки дар даромадгоҳи китобхона гузошта шуда буд, дидан намуда, бо фаъолияти Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ шинос шуданд.

Директори китобхона Абдуқодир Талбаков вобаста ба саҳми китоб дар тарбияи ҷомеа ва насли наврас сухан гуфт. Муовини сардори Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдувалӣ Абдураҳмонзода оид ба аҳамияти курсҳои омӯзишӣ ва саҳми Президенти мамлакат дар рушди соҳаи фарҳанг, ҳунар, китоб ва баланд бардоштани ҳувияти миллӣ миёни ҷавонон иброз дошт, ки «курсҳои мазкур дар асоси нақшаи «Барномаи рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар шаҳри Душанбе», ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 5 июли соли 2021 тасдиқ гардидааст, роҳандозӣ карда шуданд».

Дар анҷом  барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи китобдорӣ, ҷалби бештари аҳолӣ ба китобхонӣ аз ҷониби Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба иштирокчиён сипоснома тақдим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки давраи омӯзишӣ аз 25 то 27 июл доир гардида, зимни он кормандони китобхонаҳо тибқи барнома бо фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи муосири  «Пойтахт», Китобхонаи ҷумҳуриявии бпчагонаи ба номи М.Миршакар, Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ  шинос шуданд.

АКС: Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Июль 28, 2022 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт